Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои фотиҳахонӣ ба хонаи қурбониёни ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтаст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Аҳмадзода ба наздикону пайвандони фавтидагон аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хостааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди ин ки аз бемор ё корношоям шудани раисҷумҳур хабаре нест, ҳамоно ба ҷои ӯ зердастонаш рисолаташро иҷро мекунанд. Ҳатто изҳори тасаллияти панҷдақиқаина тавассути телевизион ҳам аз ҷониби раисҷумҳур ба мардум раво дида нашуд.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғозу шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар гуфтанд. Расонаҳо аллакай номи 60 нафар кушташудагон аз ҷониби Тоҷикистонро нашр карданд. Аммо дар гузоришҳои расмии мақомоти Тоҷикистон теъдоди кушташудагон камтар нишон дода шудааст.