Рубрики Хабарҳо

Як қозӣ дар ИМА иҷрои ҳукми Трампро боз дошт

Як қозии федеролии Амрико дар шаҳри Бруклини аёлати Ню-Йорк, рӯзи шанбе ба давлати Амрико дастур дод ихроҷи муҳоҷирон ва паноҳандагонеро, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар боздошт шудаанд, муваққатан мутаваққиф кунад.

Ин қозӣ иҷрои бахше аз дастуруламали иҷроии содиршуда аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА-ро лағв кард. Трамп ин дастуруламалро рӯз ҷумъа эълом карда буд.

Ин дастур шомили паноҳандагон ва дорандагони виза мешавад, ки аз кишварҳои Ироқ, Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомалӣ ва Яман ба таври қонунӣ вориди Амрико шуда, вале ҳангом вуруд ба Амрико дар рӯзи шанбе, боздошт шудаанд. Бино ба дастури раисҷумҳури Амрико, шаҳрвандони ин 7 кишвари мусулмон барои дасти кам 90 рӯз ҳаққи вуруд ба Амрикоро надоранд.

Он Донлӣ, қозии амрикоӣ дар пайи дархост «иттиҳодияи озодиҳои шаҳрвандии Амрико» ва мудофеъон озодиҳои фардӣ дар ин кишвар, барои ҷилавгирӣ аз ихроҷи паноҳандагон, ҳукм ба лағви дастурамали раисҷумҳур дод.

Ин қозӣ дар ҳукми худ, ки шанбе шаб содир шуд гуфт, ихроҷи ин паноҳандагон метавонад «осеби ғайри қобили ҷуброн» барои онҳо ва хонаводаҳои вобаста ба онҳо дошта бошад.

Ба гузориши иттиҳодияи озодиҳо, ҳудуди 100 то 200 нафар дар фурӯдгоҳҳои Амрико дар рӯзи шанбе боздошт шудаанд.

Ин дархост рӯзи шанбе аз сӯи 2 паноҳандаи Ироқӣ таслими додгоҳ шуд, ки дар ин рӯз вориди фурудгоҳи Ню-Йорк ва боздошт шуда буданд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин 2 Ироқӣ акнун озод шудаанд.

Дар беруни додгоҳ дар шаҳри Ню-Йорк ҷамъият зиёде даст ба тазоҳурот зада, ҳангоми судури ҳукми додгоҳ ибрози хушҳолӣ кардаанд.

Қозӣ Донли дар соли 2014 аз сӯи Барак Обама ба унвони қозии федеролӣ баргузида шуд ва бо раъй 95 ба 2 дар маҷлиси Сенат мавриди таъйид қарор гирифт.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *