Минбаъд маълумот аз ҳаводиси сарҳади Тоҷиикстон Қирғизистон танҳо баъди тасдиқи комиссиюни муштарак расонаӣ мешавад. Дар ин бора ҳайати гуфтугукунандаи ду ҷониб тасмим гирифтааст.
Дар вохӯрии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дирӯз, 14 январ дар марзи Исфараву Ботканд баргузор шуд, масъалаи таъмини суботу амният дар сарҳад баррасӣ ва протоколи ҷамъбастӣ имзо шуд.
Дар банди ҷоруми ин протокол гуфта шудааст, ҷонибҳо аҳд краданд, ки маълумоти пешакӣ дар бораи корҳои амалишавнада дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба ВАО ироа карда намешавад. Ҳамчунин танҳо он маълумоте ба расонаҳо дода мешавад, ки комиссияи муштарак онро тасдиқ кардааст.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки 114 километри замиҳои сарҳадиро аломатгузорӣ мекунанд. Гурӯҳҳои корӣ бояд то 1 марти соли 2020 бояд гузинаҳои тавофуқшудаи ивазкунии заминҳо байни деҳаҳои Самарқандак ва Кокташи ноҳияҳои Исфараву Баткенро омода созанд.
Ҷонибҳа ҳамчунин тасмим гирифтаанд назорати якҷояи он қитаъаҳои сарҳадро, ки тез-тез моҷар ба амал меояд, ба роҳ монанд. Ин манотиқ тибқи тавофуқ бо камераҳои назоратӣ низ муҷаҳҳаз мешаванд.