Нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сӯи як марди кафанпуш тирандозӣ кардаанд, ки мехост вориди кохи президентӣ шавад.
Ба гузориши расонаҳо Мӯҳсин Ҳамадонӣ, муовини амниятии устондори Теҳрон ин ҳамларо таъйид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин муҳоҷим ҳангоми вуруд бо силоҳи сард мусаллаҳ буд ва ҳангоми тафтиш ва бозрасии баданӣ бо маъмурон даргир шудааст.
Бинобар ин муҳофизони кох ба суи ӯ тирандозӣ кардаанд ва пас аз захм бардоштан дастгир шудааст.
Ба гуфтаи Ҳамадонӣ ангезаи ин шахс барои ин кор ҳануз маълум нашудааст.
Тобистони соли гузашта ҳам ҳамлаи мусаллаҳонаи ДОИШ ба парлумони Эрон сурат гирифта буд, ки боиси афзоиши тадобири амниятӣ дар атрофи парлумони ин кишвар шуд.