Дар як садамаи рӯзи 26-уми май дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Варзоб ду нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи сабукрави “Mercedes-Benz”, сокини деҳаи Рохути ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз ин ноҳия ба самти шаҳри Душанбе бо чор мусофираш ба ҷарии тақрибан 400-500 метр сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ки ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Яке аз фавтидагон сокини 61-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ва дуюм сокини 29-солаи Мастчоҳи Кӯҳӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube