Раҳбарони НАТО дар иҷлоси солонаи худ рӯзи сешанбе дар пойтахти Литва гирди ҳам омаданд. Нишасте, ки бо тағйири ногаҳонии мавзеъи Туркия дар мавриди пайвастани Суид ба ин эътилофи низомӣ ҳолу ҳавои дигаре ба худ гирифт.
Дар ҳоле, ки раҳбарони кишварҳои узви НАТО рӯзи сешанбе дар нишасти муҳим дар Литва гарди ҳам омаданд, дабири кулли ин иътилоф эълом кард, ки як гом аз шартҳои пайвастани эҳтимолии Укроин ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ ҳазф хоҳад шуд.
Муддати кӯтоҳе пас аз эъломи ин хабар, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин гуфт: “НАТО амнияти Укроинро таъмин хоҳад кард” ва дар муқобил, “Укроин НАТО-ро қавитар мекунад”. Ин дар ҳолест, ки ибтидои рӯзи сешанбе, Зеленский ба шиддат аз адабиёти мавриди истифода тавассути раҳбарони НАТО дар мавриди пайвастани эҳтимолии кишвараш ба ин паймон интиқод карда буд.
Пештар Маскав эълом карда буд, ки ин нишасти “зиддирусӣ”-ро ба диққат зери назар дорад ва ҳушдор дод, ки дар сурати ташдиди ҷанги Укроин” “авоқиби фоҷиаборе” дар интизори Аврупо хоҳад буд.
Ҳамзамон аъзои НАТО дар баёнияи муштараки худ дар мавриди ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия дар ҷиҳати истифода алайҳи зерсохтҳои Укроин ва ҳамчунин фаъолиятҳои минтақаӣ ва ҳастаии Эрон низ изҳори назар карданд.
Ибрози умедвории дабири кулли НАТО дар мавриди паёмҳои мусбат дар мавриди дархости узвияти Укроин дар эътилофи низомӣ
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар конфронси матбуотии худ эълом кард, ки Укроин дар масири узвият дар НАТО, дар рӯзи сешанбе “паёми мусбате” дарёфт хоҳад кард.
Ҳарчанд ихтилофи назарҳои мавҷуд байни 31 узви НАТО ба ин маънӣ аст, ки ҳанӯз мавъиди мушаххас ё даъватномаи мустақиме барои пайвастани Укроин ба НАТО вуҷуд нахоҳад дошт, аммо Столтенберг эълом кард, ки Киев кумакҳои низомӣ ва тазминҳои амниятии иловагӣ дарёфт хоҳад кард ва шароити расмӣ барои пайвастани он ба НАТО осонтар хоҳад шуд. Илова бар инҳо, чорчуби ҷадиде аз ҳамкорӣ байни Киев ва ин эътилофи низомӣ таҳти унвони Шӯрои НАТО-Укроин шакл хоҳад гирифт.
Пеш аз ин, Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико аз мавзеъи “зиддирусӣ”-и Вашингтон дар нишасти Вилнюс интиқод карда буд. Вай гуфт: “ҳама чиз муҳайё аст то афкори умумӣ барои тасвиби тасмимоти зиддирусӣ, ки дар рӯзҳои оянда дар Вилнюс иттихоз хоҳад шуд, омода шавад.”
***
Зеленский: “набудани қатъиятҳо” ангеза додан ба Русия барои “идомаи террор” аст
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи сешанбе дар баёнияе дар ҳисоби корбарии расмии худ дар Твиттер гуфт: набудани қатъият дар мавриди узвияти Укроин дар НАТО ангезае барои Русия барои идомаи террор хоҳад буд.
Зеленский қарор аст имрӯз, чаҳоршанбе дар Вилнюс дар нишастҳое бо раҳбарони НАТО ширкат кунад.
Зеленский гуфт: “хеле ғариб ва пуч аст, ки на барои даъвати мустақим барои пайвастан ва на барои оғози раванди узвияти Укроин ҳеҷ гуна чорчуби замони хоссе таъйин нашудааст.”
***
Мувофиқати Вашингтон бо интиқоли ҷангандаҳои ваъдашуда ба Туркия пас аз мувофиқат бо дархости Суид
Як рӯз пас аз чароғи сабзи Анқара барои пайвастани Суид ба НАТО, Ҷек Селиван мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Вашингтон бо машварат бо Кунгира бо интиқоли ҷангандаҳои F-16 ба Туркия мувофиқат кардааст.
Туркия, ки монеъи аслӣ дар масири Суид барои узвият дар иттиҳоди НАТО буд, дар октябри 2021 дархости хариди 20 миллиард доллар аз ҷангандаҳои F-16 ширкати Локҳед Мортин ва наздик ба ҳаштод қисми эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои ҷангии мавҷуди худро дода буд. Селиван дар идома афзуд, Ҷо Байден раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида “ба вузӯҳ аз ин интиқол ҳимоят мекунад”.
Пештар гурӯҳе аз сенаторҳои амрикоӣ таъкид карда буданд, ки дар сурате бо фурӯши ин ҷангандаҳо ба Туркия мувофиқат хоҳанд кард, ки Анқара узвияти Финланд ва Суид дар НАТО-ро таъйид кунад. Бо ин ҳол, ҳам мақомоти Туркия ва ҳам давлати Байден эҳтимоли муртабит будани мувофиқати Анқара бо пайвастани Суид ба НАТО бо фурӯши ин ҷангандаҳоро рад карданд.
***
Кремл дар мавриди мавзеъи ҷадиди Туркия: “ҳеҷ кас намехоҳад Туркияро дар Аврупо бубинад”
Сухангӯи Кремл рӯзи сешанбе дар нишаст бо хабарнигорон ҳушдор дод, ки пайвастани Укроин ба НАТО “барои амнияти Аврупо бисёр хатарнок хоҳад буд” ва аз тасмимгирон дар ин робита хост то хатароти муртабит бо чунин иқдомеро ҳам дар назар бигиранд.
Дмитрий Песков бо ишора ба мувофиқати Туркия бо ба узвият даромадани Суид дар НАТО гуфт, ки Русия тааҳҳудоти Анқара ба унвони узве аз НАТО-ро дарк мекунад ва афзуд, ки алорағми ихтилофи назарҳои мавҷуд, заминаҳое байни Русияу Туркия вуҷуд дорад, ки мавриди алоқаи тарафайн буда ва барои ҳар ду кишвар муҳим аст.
Песков инро ҳам хотирнишон кард, ки дар ҳоле, ки Туркия ихтиёри инро дорад, ки худро ба Ғарб наздик кунад, аммо ҳамчунон тамоюле аз сӯи Аврупо барои пазириши Туркия ба унвони як узви Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд надорад. Песков ба хабарнигорон гуфт: “ошкор ва пӯстканда бигӯям, ҳеҷ кас намехоҳад Туркияро дар Аврупо бубинад.” Вай афзуд Маскав қасд дорад гуфтугӯ бо Анқараро бештар тавсеа диҳад.
***
Фаронса мушакҳои дурбурди худро дар ихтиёри Укроин мегузорд
Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса эълом кард, ки кишвараш мушакҳои дурбурди худро барои истифода дар ҳамалоти мутақобили Укроин алайҳи Русия, дар ихтиёри Киев қарор хоҳад дод.
Макрон ҳангоми расидан ба шаҳри Вилнюс гуфт: “тасмим гирифтам таҳвили таслиҳоту таҷҳизотро афзоиш диҳам то ба укроиниҳо тавони ҳамлаи бештарро бидиҳам”.
Мушакҳои “Сояи тӯфон” (Storm Shadow), ки ба таври муштарак бо Бритониё сохта шудаанд, ба Укроин имкон медиҳад то дар умқи 300 километрии хутути душман дар шарқи кишварро ҳадаф қарор диҳад.
***
Кохи Сафед: пайвастани Укроин ба НАТО дар ояндаи наздик эҳтимолдор нест
Ҷон Кёрби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед эълом кард, ки пайвастани Укроин ба НАТО бо бароварда кардани пешшартҳои он имконпазир аст.
Кёрби гуфт: “мӯътақидем, ки НАТО бо ояндаи Украин ҳамроҳ аст. Дар воқеъ ин ҳамон чизе аст, ки иттиҳоди НАТО дар соли 2008 бар сари он тавофуқ карда буд; Аммо лозим аст Укроин рӯйи бархе ислоҳот аз ҷумла ҳукмронии хуб, ҳокимияти қонун ва ислоҳоти сиёсӣ кор кунад. Инро ҳам дарк мекунем, ки кор рӯйи бархе аз ин ислоҳоти он ҳам дар замоне, ки дар ҷанг бошед, сахт аст.”
Вай дар идомаи ҳамин мавзӯъ гуфт: “бале онҳо дар ҳоли ҷанг ҳастанд, бинобар ин узвият дар НАТО дар ояндаи наздик эҳтимолдор нест. Зеро ин амр НАТО-ро дар ҷанги мутақобил бо Русия қарор медиҳад.”
***
Дабири кулли НАТО: ҳар вақт шароит омода шуд аз Укроин мехоҳем ба эътилоф бипайвандад
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи сешанбе дар ҷараёни нишасти раҳбарони Созмони паймони Атлантики шимолӣ гуфт, ки “ҳар вақт ҳамаи аъзо мувофиқ буданд ва шароит омода шуд аз Укроин мехоҳем, ки ба эътилоф бипайвандад.”
Ин суханон танҳо дақоиқе пас аз вуруди Владимир Зеленский, раисҷумҳур ва Олексий Режников, вазири дифоъи Укроин ба Вилнюс, пойтахти Литва ва маҳалли баргузории нишасти раҳбарони НАТО баён шуд.
***
Муттаҳидони НАТО аз Эрон хостанд ирсоли паҳпод ба Русияро мутаваққиф кунад
Аъзои НАТО нисбат ба “фаъолиятҳои бадхоҳона”-и Эрон дар қаламрави сарзамини муттаҳидонашон “нигаронии ҷиддӣ”-и худро иброз карда ва аз Теҳрон хостанд, ки таҳвили ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Русия барои истифода дар ҷанги Укроинро мутаваққиф кунад.
Дар баёнияи муштараке, ки рӯзи сешанбе дар ҷараёни нишасти НАТО дар Литва мунташир шуд, муттаҳидони НАТО таъкид карданд, ки “ҳимояти Эрон аз ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроин” бар амнияти ҳавзаи кишварҳои евро-Атлантик таъсир гузоштааст.
Муттаҳидони НАТО дар ин баёния овардаанд, ки “аз Эрон мехоҳем то ҳимояти низомии худ аз Русияро, ба вижа дар заминаи интиқоли ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳпод), ки барои ҳамла ба зерсохтҳои ҳаётии Укроин мавриди истифода қарор гирифта ва боиси талафоти густурдаи ғайринизомиён шудааст, мутаваққиф кунад.”
Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки “мо нигаронии ҷиддии худ нисбат ба фаъолиятҳои мухарриби Эрон дар қаламрави аъзои ин Иттиҳодияро иброз мекунем”.
Муттаҳидони НАТО ҳамчунин бар “азми ошкор”-и худ мабнӣ бар адами дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ таъкид карданд ва аз ин кишвар хостанд то ба “тааҳҳудоти қонунии худ бар асоси тавофуқномаи подмонии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ амал кунад”.
Дар ин баёния ба фаъолиятҳои баҳрии Эрон низ ишора шуда ва омадааст, ки “аз Эрон мехоҳем, ки аз иқдомоти бесуботкунанда аз ҷумла тавқифи киштиҳои баҳрӣ худдорӣ карда ва нақши созандае дар тақвияти суботу сулҳи минтақаӣ ифо кунад.”
***
Муттаҳидони НАТО ҳамкории амиқи Чин бо Русияро дар тазодд бо арзишҳои худ донистанд
Муттаҳидони НАТО аз Чин хостанд то “ба ҳар наҳве”, ки шуда аз ҳимоят аз талошҳои ҷанги Русия дар Укроин худдорӣ кунад. Дар баёнияи муштараки аъзои НАТО омадааст, ки “ҷоҳталабиҳои эъломӣ ва сиёсатҳои қаҳрӣ”-и ҷумҳури халқи Чин манофеъ, амният ва арзишҳои эътилофро ба чолиш мекашад. Дар ин баёнияи тӯлонӣ омадааст, ки густариши ҳамкории роҳбурдии Пекин ва Маскав ва талошҳои физояндаи мутақобили онҳо барои “тазъифи назми байналмилалии мубтанӣ бар қавонин” дар тазодд бо арзишҳо ва манофеъи аъзои НАТО аст.
Ҳамчунин аз Чин хоста шуда то “ба унвони узви доимии Шӯрои амнияти Созмони милал, нақши созандае ифо кунад, ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроинро маҳкум кунад…. Ва аз ташдиди ривояти нодурусти Русия дар муқассир донистани Укроин ва НАТО даст бардорад.” Лозим ба зикр аст, ки Чин то кунун аз маҳкум кардани таҳоҷуми тамоми аёри Маскав алайҳи Укроин ё дархости хурӯҷи нерӯҳои Русия аз хоки Укроин худдорӣ кардааст.
***
НАТО дар сурати пайдо шудани шароит, роҳи сареътареро барои пайвастан ба Укроин ироа медиҳад
Аъзои НАТО мутааҳҳид шуданд, ки дар сурати пайдо шудани шароит, аз Укроин барои пайвастан ба ин блок даъват ба амал оваранд ва ба манзури суръат бахшидани раванди ин пружа, монеъаҳои бюрукратии марбутаро аз миён бардоранд.
Столтенберг дар ин бора гуфт: “ин мавзӯъ масири узвияти Укроинро аз як фароянди ду марҳалаӣ ба як фароянди як марҳалаӣ тағйир хоҳад дод.”
Ба мӯҷиби ин ибтикор, аъзо “дар сурати тавофуқи муттаҳидон ва бароварда шудани шароит, даъватномае барои пайвастани Укроин ба НАТО содир хоҳанд кард”.