Рубрики Pressa

Писар падарро корд заду ба дарё партофт


Як марди 34-сола бо гумони латукӯб ва куштори бераҳмонаи падари 67-солааш боздошт шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, падар ва писар ҳарду сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар ҳолати мастӣ ҷангҷол кардаанд. Дар ҷараёни ин моҷаро, писар падарро корд задааст. Бар асари ҷароҳати бардошта падар ба ҳалокат расидааст. Пас аз содир намудани ин ҷинояти хунин гумонбаршуда ҷасади падарашро ба об партофтааст.

Айни замон нисбати ин мард бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Мувофиқи ин банди қонун ба боздоштшуда 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *