Рубрики Хабарҳо

Пулис дар ҷустуҷӯи падари Сорбон хонаи чанд хонаводаи тоҷик дар Варшаваро тафтиш кард

Пулиси Варшава, пойтахти Лаҳистон дирӯз дар ҷустуҷӯи Пулод (Абдураҳим) Абдураҳмонов, падари Сорбон Абдураҳимзода, ки ҷанде қабл аз истирдодаш пешгирӣ шуда буд, хонаи чанд хонаводаи тоҷик дар маҳаллаи Урсуси Варашаваро тафтиш кард. Дар натиҷаи ин амалиёт як нафар боздошт шудааст. 

Гуфта мешавад Пулод Абдураҳмонов ба дархости паноҳандагиаш ҷавоби рад гирифта ва ҳанӯз фурсат накардааст аз он ба додгоҳ шикоят барад. Одатан барои шикоят аз болои қарори Хадамоти муҳоҷират даҳ рӯз мӯҳлат дода мешавад, вале ин ду нафар бо сабаби иваз кардани ҷои истиқомат посухи радро дертар дарёфт кардаанд. 

Ба гуфтаи шоҳидон кормандони пулис ба ҳар хонаи тоҷикони сокини ин маҳалла чандборӣ сар задаанд. 

“Аввал омада ҳуҷҷат пурсиданд. Баъди соате баргаштанду акси нафаре дар телефонро нишон дода пурсиданд, ки мешиносем ва оё дар маҳалла дидаем ё на. Дафъаи севум омада талаб карданд, ки бояд хонаатонро тафтиш кунем” — гуфт яке аз онҳо. 

Яке дигар аз онҳое хонаашро тафтиш кардаанд, гуфт «як ҳуҷраи хонаи мо, ки нафари дигар дар он зиндагӣ мекунад, қулф буд. Таҳдид карданд, ки агар боз накунем дари ҳуҷраро мешикананд.»

Ба гуфтаи яке дигар аз шоҳидон, пулис дар ин амалиёташ нафаре бо номи Қутбиддинро, ки қаблан ҳамроҳ бо Пулод Абдураҳмонов дар боздоштгоҳ буда, дастгир кардааст. Сабаби боздошти ӯ маълум нест. 

Гуфта мешавад Пулод Абдураҳмонов ҳамроҳ бо писараш Сорбон Абдураҳимзода ҳангоми убури сарҳади Лаҳистон баъди шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд. Дертар ӯро озод карданд, аммо писараш дар боздоштгоҳ боқӣ монд.

Мақомоти Лаҳистон рӯзи 28 май кӯшиданд Сорбонро ба Тоҷикистон истирдод кунанд, аммо бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, ки қарор манъи истирдоди ӯро аз Додгоҳи Аврупо гирифта буданд, аз ин истирдод пешгирӣ шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *