Рубрики Хабарҳо

ИА таҳримҳо алайҳи Русияро тамдид кард

Дар ҷаласаи 10 декабр раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба тамдиди таҳримҳои иқтисодии Русия ба мӯҳлати 6 моҳи дигар якдилона овоз доданд ва таъкид карданд, ки ин таҳрим барои низоъҳои мусаллаҳонаи идомаёбанда дар Украина ҷорӣ шудааст.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дигар раҳбарони аврупоиро дар бораи ҷараёни музокираҳо дар чаҳорчӯби “Муколамаҳои Нормандия” огоҳ карданд.

Музокироти мавсум ба “Муколамаи Нормандия” як ҷараёни дипломатӣ буда, ба он Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дохил мешаванд ва ҳадафи онҳо хатми низоъ дар шарқи Украина миёни ҷудоиаталабони рӯ ба Русия ва ҳукумати Киев мебошад.

Аз декабри соли 2019 ин гурӯҳ ҳеҷ гоҳ расман ҷаласаи расмӣ ташкил накардааст ва охирин бор ин гурӯҳ октябри соли 2016 мулоқот барпо карда буд.

Бори аввал таҳримҳои иқтисодии ИА нисбати Русия ибли соли 2014 ҷорӣ шуд. Брюссел гуфт, ки Русия ба таври ғайриқонуннӣ нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб карда ба ҷудоиталабон дар шарқи ин кишвар ёриҳои низомӣ мекунад.

Дар ҷангҳои шарқи Украина 13,200 нафар кушта шудааст ва ИА ҳам аз он замон то кунун ҳар дафъа нимсолӣ таҳримҳои иқтисодии Русияро тамдид мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *