Дирӯз 25 август дар бозори “Меҳргон”-и пойтахти Тоҷикистон Иди каду баргузор гардид. Дар намоиш-фурӯши каду, кишоварзоне иштирок карданд, ки дар ноҳияҳои худ ғолиби озмуни “Беҳтари кадупарвар” гардида, соҳиби роҳхат ба Иди каду шуданд.
Тибқи гузориши агентии милии итиилоотии Ховар, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт, ки айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 4 намуди каду- гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду парвариш карда мешаванд ва вазорат мехоҳад кишти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла кадуро солтосол биафзояд.
Мушовири ёвари президент Муҳиддин Пайшанбезода дар суханрониаш дар Иди каду гуфт, ки баргузории намоиш-фурӯши каду ҳавасманди марди деҳқонро зиёд намуда, инчунин намунаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Ҷашни иди кадуро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ аксари корбарон ба боди масхара кашиданд. Як корбар дар фейсбук навишт, ки “таҷлили иди каду, ба ҷои ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолист. Соли оянда ба ҷои ифтитоҳи ягон корхонаи истеҳсолӣ иди бодирингро ҷашн хоҳем гирифт”.