Рубрики Хабарҳо

Толибон аз муаллимон даъват кардаанд, ки ба Афғонистон баргарданд

Толибон аз омӯзгорони макотиби олӣ, профессорон ва кулли мутахассисони самти таълиму тарбия, ки дар ҷараёни нооромиҳо кишварро тарк кардаанд, даъват кардааст, ба Афғонистон баргарданд.

Дар изҳороти Вазорати маълумоти олии Афғонистон омадааст: «Афғонистон хонаи умумии ҳамаи қавмҳост ва мо барои рушди фарҳангию маънавии онҳо масъулем. Бе ободии системаи маорифи мамлакат ободии ягон самти кишвар мукаммал нест. Бо ҳамин муносибат ҳам Вазорати таҳсилоти олӣ аз муаллимону олимоне, ки кишварро тарк карданд, таклиф мекунад, ки ба хонаҳои худ баргарданд.“

Толибон гуфтанд, ки омӯзгорон бояд ба кишвар дар расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди худ кумак кунанд. Ҳукумати муваққати Афғонистон низ барои ҷалби омӯзгорони нав маблағ ҷудо кардааст.

«Аз онҳое, ки аз ватани худ рафтаанд, хоҳиш мекунем, ки ба Ватан баргарданд ва кори муқаддаси худро идома диҳанд ва дар рушди илм саҳм гузоранд», — гуфтанд дар вазорат.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *