Рубрики Хабарҳо

Лаҳистон се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми робита бо терроризм истирдод кард

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан дар Лаҳистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ боздошт шуда буданд, ба ватанашон ихроҷ шуда, ба ду нафари дигар ин ҳукм таҳдид мекунад. Дар ин бора хабаргузории “Регнум” бо истинод ба бахши русии радиои Лаҳистон хабар медиҳад. 

Моҳи майи соли ҷорӣ 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷалби ҷангиён ба сафи гурӯҳи ДОИШ дар Лаҳистону Укроин муттаҳам мешаванд, аз ҷониби Агентии амнияти дохилии Лаҳистон боздошт шуда буданд. Як моҳ пас нафари панҷуми онҳо бо дархости мақомоти Лаҳистон дар берун аз хоки ин кишвар дастгир ба ба онҷо бурда шуд. Гуфта мешавад ӯ қасд дошт ба сурия биравад ва ба сафи ДОИШ пайвандад.

Аз боздоштшудагон ном бурда намешавад ва ҳамчунин маълум нест онҳо кай ва бо чӣ роҳе вориди Лаҳистон шудаанд. 

Баъди боздошт Агентии амнияти дохилии Лаҳистон ба пулиси ин кишвар муроҷиъа кард то иҷозаи истирдоди панҷ нафарро бидиҳад. Ин дархост аз ҷониби пулис қабул гардид, аммо ду нафар аз боздоштшудагон ба Додгоҳи Аврупо шикоят бурданд. То баррасии парвандаашон дар ин додгоҳ онҳо дар Лаҳистон мемонанд. 

Қаблан мақомоти Олмон аз боздошти тоҷикони ҳамдаст бо гурӯҳҳои террористӣ хабар дода буданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *