Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон аз эҳтимоли афзоиши беморони Ковид -19 дар ин кишвар дар фасли зимистон ибрози нигаронӣ кард.
Бахтигул Қориева намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон гуфт: «Коҳиши маҳдудиятҳо, муроот накардани фосилаи иҷтимоӣ ва ниқоб напӯшидан метавонад дар моҳи январи соли 2021 теъдоди ҷонбохтагон аз Ковид -19-ро дар Тоҷикистон муқоиса бо баҳори соли 2020 то чаҳор баробар афзоиш диҳад.»
Қориева бо ишора ба натиҷаи озмоишҳои анҷомшуда дар мавриди афроди мубтало ба Ковид — 19 дар Тоҷикистон ва эҳтимоли интиқоли вируси корона ба афроди солхӯрда дар ин кишвар, ҳамчунин афзоиши талафот бар асари ин бемориро, ки дар пайи нодида гирифтани тавсияҳои беҳдоштӣ афзоиш хоҳад ёфт , нигаронкунанда донист.
Аз дидгоҳи хонум Қориева ба далели афзоиши теъдоди мубталоён ба Ковид — 19 дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки беморӣ дар Тоҷикистон ва дигари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ба далели фарорасии фасли сармо густариши бештар пайдо кунад.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон таъкид кард, ки бояд маҳдудиятҳои иҷрошуда шиддат ёбад ва аз баргузории ҳар навъ таҷаммӯъ, ки мӯҷиби густариши вируси корона мегардад, ҷилавгирӣ шавад.