Дастаи «Равшан» қарори ФИФА-ро ноодилона хонд
Намояндагони тими “Равшан” қарори Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА)-ро дар бораи манъи хариди футболбозони навро ноодилона номиданд. Сомонаи ФИФА хабар дод, ки гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба муҳлати се марҳила ё равзанаи тарансферӣ манъ шудааст. Қабули ин қарор ба баҳс миёни бошгоҳи “Равшан” ва собиқ бозигари даста – нимҳимоятгари 33-сола аз Ғано Дэвид Мавутор […]