Ба гузориши расонаҳои Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ва Файсал ибни Фараҳон бо якдигар дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд. Нахустин дидори вазирони хориҷаи Ҷумҳури исломӣ ва Арабистон пас аз ҳафт соли қатъи муносиботи дипломатик бо имзои баёнияи оддисозии равобит баргузор шуд.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломи имрӯз, панҷшанбе, 6 апрел бо Файсал ибни Фараҳон, ҳамтои саудии худ дар Пекин дидор ва гуфтугӯ кард.
Абдуллоҳиён шомгоҳи чаҳоршанбе ба ҳамроҳи ҳайате вориди пойтахти Чин шуд. Иҷрои тавофуқи ҳосилшуда миёни ду кишвар бо миёнҷигарии Чин ва ҳамчунин бозкушоии сафоратхонаҳо ва сарконсулгариҳои ду кишвар аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯ будааст.
Ин нахустин дидори расмии мақомоти ду кишвар пас аз ҳафт соли қатъи равобити дипломатӣ буд.
Тарафайн ба ҳамроҳи Чин баёнияи муштараке имзо кардаанд, ки аз ҷумла шомили иқдомоти лозим барои кушоиши сафоратхонаҳо дар Теҳрон ва Риёзу сарконсулгариҳо дар Машҳад ва Ҷидда мешавад.
Тибқи баёния, қарор аст, ҳамоҳангиҳои лозим миёни ҳайатҳои фаннии Эрон ва Арабистон сурат гирад, то ҳамкориҳои ду кишвар дар ростои азсаргирии парвозҳо, сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва бахш хусусӣ, сабукӣ дар додани барои шаҳрвандон, аз ҷумла раводиди умра, идома ёбад.
Пайгирии иҷрои тавофуқи Пекин ва фаъолсозии он бо таваҷҷуҳ ба густаришт эътимод ва ҳамкориҳои мутақобил аз ҷумла ба манзурт ҳифзт суботу ва амниятт минтақа аз ҷумла бандҳое аст, ки дар ин баёния гунҷонда шудаанд..
Тарафҳо дар ин баёния бар омодагии худ дар ростои аз байн бурдани ҳама монеъаҳои пеш рӯйи густариши ҳамкории байн ду кишвар таъкид кардаанд.
Гуфта шуда, ки интихоби Пекин ба унвони маҳалли дидори ду тараф, дар ростои «густариши нақши мусбати чин дар дастёбӣ ба тавофуқ ва беҳтарсозии иртиботот» байни Эрону Арабистон сурат гирифтааст.
Ши Ҷинпиг, раисҷумҳури Чин чанде пеш дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ваъда дода буд , ки гуфтугӯҳои ба ҷараёнафтода миёни ду тарафро ҳамроҳӣ кунад.
Эрону Арабистон аввали моҳи март бо миёнҷигари Чин, тавофуқ карданд равобити сиёсии худро аз сар гиранд ва зарфи ду моҳ сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатики худро бозкушоӣ кунанд.
Чин яке аз муҳимтарин шарикони тиҷории Арабистон ба шумор меравад ва Арабистон низ ба навбати худ нақши муҳиме дар таъмини ниёзҳои Чин ба энержӣ дорад.
Дидори вазирони хориҷаи Эрону Арабистон дар Пекин дар ҳоле анҷом мегирад, ки Риёз муносиботи худ бо Иёлоти муттаҳидаро гарм нигаҳ доштааст.
Охири моҳи марти имсол Иёлоти муттаҳида ва Арабистони саудӣ размоиши муштараки зиддипаҳподӣ дар як маркази озмоиши низомии ҷадид дар Риёз баргузор карданд, ки аввалин размоиш дар навъ худ бо ширкати артишҳои ду кишвар маҳсуб мешавад.
Манёврҳо аз қабл эълом нашуда буд. Генерал Майкл Курилла, фармондеҳи фармондеҳии марказии Иёлоти муттаҳидаи Амрико (Сентком) дар кумитаи неруҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагон аз тамриноти зиддипаҳподӣ хабар дод.
Равобити дипломатӣ миёни Теҳрону Риёз дар соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ва консулгарии ин кишвар дар Машҳад қатъ шуд. Ин ҳамла дар вокуниш ба эъдоми шайх Нимр боқир Ал-Нимр, рӯҳонии шиа тавассути ҳукумати Арабистони саудӣ сурат гирифт.