Фаронса ва раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбари Чин мехоҳанд барои итмоми ҷанги Укроин миёнҷигарӣ кунад. Русия ин талошро беҳосил медонад. Раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ба Чин дар мавриди ирсоли силоҳ ба Русия ҳушдор дод.
Урсила фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса мехоҳанд дар сафари серӯзаи худ ба Чин аз нуфузи Си Ҷинпин, раисиҷумҳури ин кишвар бар Маскав барои поён додан ба ҷанги Укроин истифода кунанд. Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи панҷшанбе, шашуми апрел ҳар гуна талош дар ин заминаро бесамар донист ва гуфт: “Чин бидуни шак потенсиали миёнҷигарии бисёр муассир ва қобили эътиное дорад. Аммо вазъияти Укроин печидааст ва то кунун ҳеҷ чашмандозе барои роҳҳали сиёсӣ вуҷуд надоштааст.”
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, Маскав дар ҳоли ҳозир “гузинаи дигаре ҷуз идомаи амалиёти вижа” намебинад. Давлати Русия таҳоҷуми низомӣ ба Укроинро “амалиёти вижа” меномад.
Чанд ҳафта пеш Маскав аз талошҳои Чин барои поён додан ба ҷанг тақдир намуда ва тамоюли худро барои “ҳалу фасли буҳрони Укроин аз тариқи аҳромҳои дипломатик” эълом карда буд.
Ҳушдори Фон дер Ляйен ба Чин
Раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо пас аз нишаст бо Си ва Макрон дар ҷамъи хабарнигорон, ба Чин дар бораи ирсоли таслиҳот ба Русия ҳушдор дод ва гуфт, умедвор аст, ки Чин ҳеҷ гуна таҷҳизоти низомӣ “мустақим ё ғайри мустақим” дар ихтиёри Русия қарор надиҳад.
Хонум Фон дер Ляейн гуфт: “мусаллаҳсозии мутаҷовиз бар хилофи қавонини байналмилалӣ аст ва ба равобити мо осеби ҷиддӣ ворид мекунад.”
Ӯ зимни баёни ин, ки Чин ба унвони яке аз аъзои доими Шӯрои амнияти Созмони милал масъулияти бузурге бар ӯҳда дорад, таъкид кард: “мо интизор дорем Чин нақши худро ифо кунад ва аз сулҳи одилона ҳимоят кунад; Сулҳе, ки дар хидмати ҳокимияту тамомияти арзии Укроин, яке аз санги биноҳои маншури Созмони милал, бошад.”
Раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин таъкид кард, ки қотеъона аз тарҳи сулҳи Владимир Эеленский, раисҷумҳури Укроин ҳимоят мекунад ва омодагии Си барои дидор бо Эеленский, раисҷумҳури Укроинро мусбат арзёбӣ кард.
Тафовути ошкор миёни Фон дер Ляйен ва Макрон
Байни Макрон ва Фон дер Ляйен дар бархурд бо Чин тафовутҳои ошкоре вуҷуд дорад. Макрон мавзеъи Чин дар мавриди муноқишаи Укроинро ба унвони як “тарҳи сулҳи ҷолиб” ситоиш кард аммо раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо онро ба унвони “як тарҳи ғайри қобили иҷро” рад кард.
Чин хостори оташбас ва гуфтугӯ барои поён додан ба ҷанг шудааст. Аммо ба бовари нозирони байналмилалӣ ин кишвар тарҳе мубҳам ироа дода, ки то кунун ҳеҷ натиҷае ба ҳамроҳ надоштааст. Онҳо мегӯянд, Чин ба ҳеҷ ваҷҳ як марҷаъи бетараф нест, балки ба унвони кишвари ҳампаймони Русия ҳаргиз таҳоҷум ба Укроинро маҳкум накардааст.
Амрико низ ин тарҳро рад кардааст, зеро тасарруфоти то кунуни сарзаминҳои Укроин тавассути Русияро таъйид мекунад ва ба Маскав замон медиҳад то дубора мусаллаҳ шавад, ва бо сафороии нави низомӣ, ҳамлаи ҷадидеро барномарезӣ кунад.
Макрон дар дидор бо Си ба аз саргирии гуфтугӯҳо “дар сареътарин замони мумкин барои сулҳи пойдор” таъкид кард. Си низ гуфт, ки истифода аз таслиҳоти ҳастаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Ў “ҳамла ба ғайринизомиён”-ро низ маҳкум кард. Русия борҳо таҳдид карда, ки дар сурати ниёз аз таслиҳоти ҳастаӣ истифода хоҳад кард ва дар як соли гузашта борҳо манотиқи маскунии Укроинро бомбаборон кардааст.
Интиқоди Фон дер Ляйен аз Чин
Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин мехоҳад тиҷорат бо Чинро густариш диҳад, аммо Фон дер Ляйен дар мавриди вобастагии иқтисодӣ ба Чин ҳушдор медиҳад. Ў дар гуфтугӯҳои худ бо Си, аз “табъизи қобили таваҷҷуҳ” дар қиболи бисёре аз ширкатҳои аврупоӣ дар Чин интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, барои мисол тавлидкунандагони фанноварии пизишкӣ бо “стратегияи табъизомези харид дар Чин” мувоҷиҳанд.
Раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, ки нақзи ҳуқуқи маънавӣ ва сабти ихтироъ ҳамчунон як мушкили бузург дар Чин аст, аммо дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист ҳамкорӣ бо Пекин зарурӣ аст. Фон дер Ляйен гуфт, ба ҳамин далел баҳс бар сари ҷудо шудан аз Чин нест, балки “коҳиши риск” аст.
Фон дер Ляйен ҳамчунин бо сароҳат гуфт, Чин тағйир кардааст; “Дар дохили кишвар саркӯб бештар шуда ва давлат дар хориҷ аз кишвар эътимод ба нафси бештаре пайдо кардааст”.
Ба гуфтаи раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо “ҳадафи ҳизби комунисти Чин тағйири системотик дар назми ҷаҳонӣ бо меҳварияти Чин аст.” ӯ ҳамчунин ба Чин дар мавриди ҳамла ба Тайван ҳушдор дод ва гуфт: “ҳеҷ кас набояд ба таври якҷониба вазъияти мавҷуд дар ин минтақаро бо бакоргирии хушунат тағйир диҳад.”