Бузургкиштии ҷангии «Маскав» дар пайи инфиҷор дар анбори муҳиммоти он ва сӯхтор дар арша (палуба), осеби асосӣ дидааст. Укроин эълом карда, ки новро бо мушак «Нептун» ҳадаф гирифтааст. Вазорати дифоъи Русия аз шурӯъи таҳқиқот дар ин бора хабар дод.
Хабаргузориҳои ТАСС ва РИА-Новости аз сӯхтор дар аршаи киштии ҷангии мушакии “Маскав” хабар дода ва иллати ин амрро инфиҷори муҳиммоти захирашуда дар дохили нов эълом кардаанд.
Дар баёнияи вазорати дифоъи Русия омадааст, ки таҳқиқот дар бораи иллати сӯхтор шурӯъ шуда ва хадамаи киштӣ ба маҳалли амн мунтақил шудаанд. Баёния ба ҳамлаи Укроин ишорае намекунад.
Размнов ё киштии ҷангии “Маскав”, 12 ҳазору 500 тан вазн дорад ва муҳимтарин киштии ҷангии Русия дар Баҳри Сиёҳ ба шумор меравад.
Максим Морчинко, фармондори минтақаи Одесса дар ҷануби Украина, пештар эълом карда буд, ки сарбозон укроинӣ бо мушаки «Нептун» ба ин размнов ҳамла кардаанд. Алексей Арестович, мушовири раисҷумҳури Укроин низ гуфта, ки «гули сари сабади новгони (флот) Баҳри Сиёҳи Русия» дар оташ сӯхт. Ў таъкид кардааст, ки «Маскав» 510 хадама дошт.
Дар нахустин соатҳои инфиҷор дар аршаи киштии ҷангӣ, қисме аз расонаҳои укроинӣ эълом карда буданд, ки нов бар асари инфиҷор ва сӯхтор ғарқ шудааст. Мақомоти расмии Укроин ин хабарро таъйид накардаанд.
Размнови “Маска” дар тӯли ҳафт ҳафтаи гузашта, дар бисёре амалиёти ҷанги Укроин аз ҷумла дар тасхири ҷазираи «Морҳо» (Змеиный) ширкат дошт. Мушовири вазири дохилаи Укроин низ дар посте дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки размнов мавриди исобати мушаки “Нептун” воқеъ шуд.
Ин мушаки сохти Укроин, 280 километр бурд дорад ва марҳилаҳои тавсеаи он аз соли 2013 то 2019 тӯл кашидааст.
Ҳамзамон бо ҳамла ба нов “Маскав”, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ барои таъмини силоҳҳои вазнин кумак хост. Зеленский дар паёме аз давлатҳои ғарбӣ хост ба кишвараш таҷҳизоти тӯпхона, худравҳои зиреҳӣ, тонк, сомона падофанди ҳавоӣ ва ҷетҳои (ҳавопаймоҳои) ҷанганда бидиҳанд.