Шуморе аз донишҷуёни донишгоҳи Кобул ба “Афғонистон Интернешнл” гуфтаанд, ки Толибон тасовири шоирони форсиро аз рӯй деворҳои донишкадаи забон ва адабиёти дарӣ бардоштаанд.
Манбае аз ин донишкада таъйид карда, ки ин иқдом ба дастури идораи амру маъруф ва наҳй аз мункири Толибон анҷом шудааст.
Дар тасовире, ки манбаъ нашо кардааст, дида мешавад, ки суратҳои бисёре аз шоирон ва адибони забони форсӣ аз рӯйи деворҳо бардошта ва дар утоқе гузошта шудаанд.
Толибон пеш аз ин тасовири шоирон ва мафохири забони форсиро аз девори фарҳехтагони шаҳри Мазорм Шариф бардошта буданд.
Дар бисёре аз идороти давлатӣ ва донишгоҳҳо низ вожаҳои форсӣ ҳазф шудааст. Вазорати таҳсилоти олии Толибон мегӯяд ҳазфи вожаҳои форсӣ дар вуруди донишгоҳҳо тибқи қонуни худашон анҷом шудааст.
Ин гурӯҳ то кунун дар мавриди бардоштани тасовири шоирон ва адибони форсӣ тавзеҳе надодаанд.
Дар ҳоли ҳозир Толибон муттаҳам ба форсиситезӣ аст.