Кишварҳои таҳримкунандаи Қатар «Иттиҳоди ҷаҳонии донишмандони мусалмонон»-ро дар рӯйхатии созмонҳои террористӣ ворид карданд.
Тибқи гузориши хабаргузории «ВОС» Арабистони Саудӣ, Миср, Аморати муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн ду созмон ва 11 нафар уламои исломиро ба рӯйхати нафарони хатарнок ворид намудаанд. Ин тасмимашонро онҳо чун муқовимат алайҳи терроризм унвон кардаанд.
Хабаргузории “ВОС” мегӯяд, ин ду созмон «Маҷлиси ҷаҳонии исломии «Масоъ»” ва «Иттиҳоди ҷаҳонӣ барои донишмандони мусалмон» ҳастанд, ки ба ин рӯйхат ворид шудаанд.
Се кишвари арабӣ ин ду созмони маъруфи уламои исломиро ба рӯйхати сиёҳ ворид намуда, созмонҳои террористӣ хондаанд, ки аз мавъизавуу хитобҳои исломияшон сӯистифода намуда, барои ташвиқу тарғиби шаклҳои гуногуни терроризм фаъолият мекунанд.
Уламои маъруфи исломиро кишварҳои арабӣ инчунин ба он муттаҳа кардаанд, ки бо дастгирии бе воситаи Қатар дар самтҳои гуногун амалҳои террористӣ анҷом додаанд.
Уламое, ки ба рӯйхати теруристӣ ворид шудаанд:
1. Холид Нозим Дайёб.
2. Солим Ҷобир Султон Фатҳуллоҳи Ҷобир
- Муҳаммад Алӣ Саъид Атам
- Ҳасан Алӣ Муҳаммад Ҷумъаи Султон
- Мисар Алӣ Мусо абдуллоҳи Ҷабурӣ
- Муҳаммад Сулаймон Ҳайдар муҳаммад Ҳайдар
- Муҳаммад Ҷамол Аҳмад Ҳашамат Абдулҳамид
- Саййид Маҳмуд Иззат Иброҳими Исо;
- Яҳё Саййид Иброҳим Муҳамммад Мӯсо
- Қадарӣ Муҳаммад Фаҳимӣ Маҳмуд Аш-шайх
- Ъало Алӣ Муҳаммуд Ас-самоҳӣ