Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки бо як сафари чоррӯза вориди Кореяи Ҷанубӣ шудааст, дар нахустин рӯзи сафараш бо ин кишвари пешрафтаи осиёӣ ба ҳаҷми наздик ба 9 миллиард доллар шартнома имзо кардааст.
Истеҳсоли мошинҳои Hyundai, сохтмони High Tech City дар Тошканд ва дигар шартномаҳои бузург натиҷаи танҳо аввалин рӯзи сафраи Мирзиёев ба Корея ҳастанд. Дар бахши кимиёву нафт ва энержӣ дар ҳаҷми наздик ба 3 миллиард доллар, дар бахши бонкиву молия дар ҳаҷми 2.7 миллиард доллар ва дар бахши зерсохториву сохтмон дар ҳаҷми 1.7 миллиард доллар ва дар маҷмӯъ бо имзои 75 ҳуҷҷати ҳамкорӣ, дар ҳаҷми 8.9 миллиард доллар байни ин ду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.
Кореяи Ҷанубӣ яке аз наздиктарин шарикони иқтисодии Ӯзбекистон аст, ки маблағгузории мустақим и кишвар ба иқтисоди Ӯзбекистон беш аз 7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми гардиши мол байни ин ду кишвар беш аз 1 миллиард доллар аст ва соли ҷорӣ дар назар аст ин гардиш беш аз 30 дарсад афзоиш ёбад.
Ширкатҳои «Хундай», «Самсунг», «Эл-Ҷи», «ҶиЭм-Корея», Корпоратсияи гози Корея, «Лотте Кемикал», «ҶиЭс», «Поско-Дэу», «Кореан Эйр», «Шингдонг», «Колон» аз ширкатҳое ҳастанд, ки солҳост дар Ӯзбекистон фаъолият доранд. Шумори ширкатҳои кореягии фаъол дар Ӯзбекистон ба 449 мерасад, 79-тои онҳо аккредитатсия шудаанд.