Дар майдони “Республика” Париж ҳудуди 100 нафар мухолифони тоҷик ҷамъ омадаанд ва тазоҳурот шурӯъ шуд.
То ин замон Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ, Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ, Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари АМОМ, Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раҳбари Департаменти равобити хориҷии ПМТ, писарбузурги поягузори ҲНИТ ва асосгузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ узви раёсати ҲНИТ Муҳаммадҷони Нурӣ, Муҳаммадиқболи Садридин, мудири сомонаи “Ислоҳ” суханронӣ карданд.
Тазоҳургарон шиорҳое мисле “Диктатор истеъфо”, “Раҳмонов диктатор”, “Раҳмонов хоин”, Зулм бас”, “Ҷиноят бас”, “заминфурӯшӣ бас” ва ғайра сар медиҳанд.
Пахши мустақим инҷост: