11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ВКД: ҳамлагарон ба дидбонгоҳи сарҳадӣ асосан шаҳвандони Тоҷикистонанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мутмаъин аст, ки аксари аъзои гурӯҳе, ки гӯё ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳамла кардаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд. ВКД ҳамчунин вуҷуди занон байни ҳамлагронро низ эътироф кард.

Сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки аъзои ин гурӯҳ зодагони шимоли кишваранд, аз минтақаро дақиқ накардааст. Қаблан сойти “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти интизомӣ навишта буд, ки ҳамаи аъзои ин гурӯҳ зодагони ноҳияи Исфара мебошанд.  

“Аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард”, – гуфтааст сухангӯӣ ВКД. 

АП ҳамчунин бо истинод ба манбаъаш дар Додситонии кулл хабар медиҳад, ки ин ниҳод дар мавриди ин ҳодиса бо моддаҳои “терроризм, одамкушӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар ҳамин ҳол норӯшаниҳову норабтиҳои зиёде дар ин ҳодиса боқӣ мемонад. Дирӯз чанд мақоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз хоки ин кишвар ворид шудани ҳамлагаронро қатъиян рад карда гуфтанд, ки ҳеҷ далеле ҷониби Тоҷикистон ба ин даъвояш надорад. 

Коршиносони дохиливу хориҷӣ низ ба даъвои мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа менигаранд ва аксари онҳо, аз ҷумла Александр Князев, Аркадий Дубнов, Даниил Кислов ва ғайра гуфтаанд ин “ҳамла” як тарҳи сохтаи худи мақомоти Тоҷикистон аст. 

Вазорати корҳои дохила ҳам баъди пайдо шудани чандин суол дар бораи аксҳои нашркардааш дар ҷои ҳодиса, аввал аксҳоро дасткорӣ кард, сипас пурра бардошт. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *