Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 19.04

Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб низомномаеро дар бораи қонуни вуруд ва иқомати хориҷиён дар ин кишвар тасвиб кард.

Мувофиқи он, талабот барои дарёфти раводиди “тиллоӣ”  соддатар шуда, муҳлати раводиди “сабз” тамдид карда шуд, раводидҳои нав ҷорӣ шуд ва имконот барои дорандагони раводиди оддии вурудӣ васеътар гашт. Ба гузориши хабаргузории Амороти Муттаҳидаи Араб, ин санад пас аз 90 рӯз эътибор пайдо мекунад.

Мушаххас шуд, ки қоидаҳои додани раводиди истиқоматии «тиллоӣ» ба мӯҳлати як сол ба сармоягузорон, соҳибкорон, афроди боистеъдод, олимон, мутахассисон ва донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт.

Муҳимтарин хабар ин аст, ки дорандагони раводиди тиллоӣ ҳамчун ёрирасон маҳдудияте  надоранд ва метавонанд аъзои оила, аз ҷумла ҳамсарон ва фарзандони ҳар синну солро сарпарастӣ кунанд. Дар сурати фавти дорандаи раводид, аъзои оилаи ӯ метавонанд дар давоми мӯҳлати ҳуҷҷат дар кишвар бимонанд.

***

Дар ғарби Маскав ҷасади аҳли хонаводаи ноиби собиқи «Газпромбонк» Владислав Аваев  пайдо шуд. Се нафар дар тан осори захми тир дорад, назм дар хона вайрон ва ҷиҳоз  пароканда аст. Тибқи яке аз гузинаҳои тафтишот, сардори оила Владислав Аваеви 50-сола  ҳамсараш Елена ва духтари 13-солаашонро  кушта, пас аз он худкушӣ кардаст.

Аваев Владислав Евгеневич — собиқ ноиби президенти Газпромбанк, менеҷери олӣ узви Шӯрои сарпарастони Клуби марказии варзишии мақомоти молия ва иқтисодии Русия буд. Тиҷорати хусусӣ низ дошт, директори генералии ширкати RTK буд, ки ба пажӯҳиши илмӣ ва коркард дар соҳаи илмҳои табиӣ ва техникӣ машғул аст, инчунин муассиси ширкати сохтмонии “Карбоникс” буд.

***

Дар кишвари Латвия тамрини байналмилалии Namejs 2022 бо ширкати ҳудуди 3000 нафар низомиёни нирӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва воҳидҳои кишварҳои аъзои НАТО оғоз шуд.

Тазаккур шуд, ки дар ҷараёни машқҳои низомӣ ҳамкории муштараки нерӯҳои миллӣ ва муттаҳид дар соҳаи дифоъ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Воҳидҳои низомии Бритониё, Литва, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳида, Ҷумҳурии Чех ва Эстония барои ширкат дар размоиши Namejs 2022 ба Латвия меоянд.

Батальони НАТО дар Латвия низ дар ин тамринот ширкат мекунад. Батальон аз воҳидҳои низомии Албания, Италия, Исландия, Испания, Канада, Лаҳистон, Словакия, Словения, Черногория ва Ҷумҳурии Чех иборат аст.

Машқҳои низомӣ то 27 май идома хоҳанд кард.

***

Раиси шаҳри Буҷа Анатолий Федорук гуфт: «Мо дар Буча ҳисоб кардем, ки ҳар панҷумин нафари мардуми ғайринизомии шаҳр, ки зери дасти истилогарони рус монданд, кушта шудаанд. Ва шахсан ман мисли ҳазорон ҳамватанонам бар нафароне, ки  мардуми осоиштаро шиканҷа доданд ва куштаанд, нафрат дорам. Бахусус бар ҷинояткорони ҷиноёти вазнине амсоли таҷовузи гурӯҳӣ ва куштори кӯдакон, ки  дар Буча ва Ворзел рух додаанд, боиси нафрат аст. Ҳарчанд мушкил бошад ҳам, бояд ба забони русӣ гуфт. Модарони рус бояд бишнаванд, ки фарзандонашон дар Буча чӣ кор кардаанд.»

***

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии France 5 гуфт, ки кишвараш ба гази Русия ниёз надорад, аммо Аврупо аз он хеле вобаста аст.

Ба гуфтаи вай, Париж барои харидани газ аз кишварҳои дигар талош дорад. Қаблан раҳбари Фаронса аз маҳдуд кардани интиқоли нафту ангишт аз Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят карда буд.

***

Эстония, Белгия ва Булғористон бандарҳои баҳрӣ ва дарёии худро ба рӯи киштиҳои Русия бастаанд, хабар медиҳад Tengrinews. Давлати Эстония эълом кард, ки аз 17 апрел вуруди киштиҳои Русияро  ба бандарҳояш манъ кард ва ҳамчунин вуруди ҳама киштиҳоеро, ки пас аз 24 феврал парчами Русияро ба парчамҳои дигар иваз кардаанд, мамнӯст. Вазири иқтисоди  кишвар гуфт, ки ин мамнӯият  дар чаҳорчӯби таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ шудааст.

***

Шумораи парвози ҳавопаймо аз Беларус ба Қазоқистон меафзояд

Belavia аз 29 апрел парвозҳои иловагиро оғоз мекунад.

Қарор аст, ки шумораи парвозҳо дар масири Минск – Нур-Султон дар як ҳафта аз 5 ба 7 адад афзоиш ёбад.

Дар хатсайри Минск — Алмаато — дар як ҳафта аз 3 то 7 парвоз.

***

Ба гуфтаи расонаи Bloomberg  баҳори имсол нархи гази табиӣ дар Иёлоти Муттаҳида нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш ёфта, ба баландтарин сатҳ пас аз бӯҳрони соли 2008 расид, ки 270,58 доллар барои ҳар ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Таҳлилгарони оҷонсӣ сабаби афзоишро сиёсати таҳримот алайҳи Русия медонанд. Қаблан маълум шуд, ки нархи газ дар Олмон бинобар вазъи Украина ба ҳисоби миёна 42,3% боло рафтааст. 

Илова бар ин, ба нарх сардии рекордии апрели имсола дар Амрикои Шимолӣ таъсир расонидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *