Рубрики Хабарҳо

Дар семоҳаи аввал нақшаи буҷа барзиёд иҷро шудааст

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 7,1 миллиард сомонӣ (570 миллион доллар) будааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи ислоҳшудаи даромади буҷа 4,5% ё худ 310 миллион сомонӣ (ҳудуди 25 миллион доллар) бештар аст.

Иҷрои барзиёди буҷа бо афзоиши баланди даромадҳои андоз, ки ҳиссаи он дар қисми даромад аз 72 фоиз зиёд шудааст, вобаста дониста мешавад.

Дар охири соли 2021 ҳиссаи андозҳо дар даромади буҷаи кишвар 68 фоизро ташкил дод.

Тибқи иттилои Вазорати молия, ҳаҷми воридоти андоз танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 18,1% (507 млн. сомонӣ) афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра даромади андоз беш аз 3,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *