Рубрики Хабарҳо

Паҳподи махсуси Эрон барои “ҳамла ба Ҳайфа ва Тел-Авив” муаррифӣ шуд

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон мегӯяд ин кишвар муҷаҳҳаз ба паҳподе бо бурди ду ҳазор километр шуда, ки ба таври вижа ба манзури ҳадаф қарор додани ду шаҳр Хайфа ва Тел-Авив дар Исроил тарроҳӣ ва тавлид шудааст. 

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломӣ шомгоҳи якшанбе 11 сентябр дар як гуфтугӯ дар телевизиони давлатии Эрон бо таъкид бар нақши меҳварии паҳпод дар ин нерӯи низомӣ гуфт: “мо имрӯз паҳподҳои бо бурди роҳбурдӣ дар ихтиёр дорем ва паҳподе бо бурди ду ҳазор километрӣ низ дорем.” 

Каюмарс Ҳайдарӣ аз ҷумлаи ин паҳподҳо, аз “Ораш-” ном бурд ва афзуд: “ин паҳподро ба таври махсус барои Ҳайфа ва Тел-Авив дар назар гирифтаем.” 

Ҳайдарӣ, ин паҳподро ‘”парандаи беназире”’ тавсиф кард, ки ба гуфта ӯ »барои ин кор (ҳадаф қарор додани Ҳайфа ва Телавив) сохта шуда аст”. 

Ӯ Ораш-2-ро дорои “қоблиятҳои уникалӣ” ҳамчун “нуқтазан будан” ва “имкон бозёбии чандбора то бархурд ба ҳадаф” тавсиф кард ва идома дод: “мунтазири амр, ҳастем то рӯзе дастури бакоргирии он содир шавад.” 

Ишораи эҳтимолии ӯ ба судури фармони эҳтимолӣ аз ҷониби Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ мабнӣ бар ба коргирии ин паҳпод аст. 

Ба гуфтаи ӯ, Ораш-2 дар ҳоли ҳозир вориди нерӯи заминӣ шуда ва қарор аст дар размоишҳои оянда аз қобилиятҳои он рӯнамоӣ шавад. 

Барномаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ҳамвора мавриди интиқоди кишварҳои ғарбӣ, Исроил ва бархе аз кишварҳои арабии ҳамсоя қарор доштааст; Ба вижа он ки мақомҳои Ҷумҳурии  Исломӣ то кунун борҳо сароҳатан Исроилро таҳдид ба нобудӣ кардаанд. 

Фаъолиятҳои паҳподии Эрон ва сарнавишти музокироти ҳастаӣ 

Эрон дар ҳоле аз паҳподи “Ораш-2” бо ҳадафи таҳдиди ду шаҳри Ҳайфа ва Тел-Авив дар Исроил рӯнамоӣ карда, ки музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ғарбӣ ҳамчунон бидуни расидан ба натиҷаи мушаххасе мутаваққиф монда ва таҳдидҳои мушакӣ ва паҳподии Ҷумҳурии Исломӣ дар минтақа низ яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар ҷараёни ин музокирот аст. 

Дар ҳамин хусус, Юрген Ҳарт, сухангӯи иттиҳоди аҳзоби демократи масеҳӣ ва сотсиали масеҳӣ дар парлумони Олмон (бундестаг) музокироти ҳастаӣ бо Эронро “шикастхӯрда” медонад. Ў гуфтааст Ҷумҳурии Исломӣ, дигар рӯйи музокира ҳисоб боз намекунад. 

Улриш Леште, сухангӯи фраксюни ҳизби демократи озоди Олмон дар Бундестаг низ гуфтааст Амрико ва Исроил мумкин аст алайҳи Эрон даст ба як ҳамлаи пешгирона бизананд. Ў ҳушдор дод, ки Ҷумҳурии Исломӣ набояд ба гурӯҳи қудратҳои ҳастаӣ бипайвандад. 

Ирсоли паҳподҳои Эрон ба Русия 

Дар ҳафтаҳои гузашта мавзӯъи ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия низ бисёр хабарсоз шудааст. Аз ҷумла рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” навиштааст Эрон, аввалин маҳмулаи паҳподҳои размии худро, ки дасти кам шомили ду навъи паҳподи “Муҳоҷир-6” ва “Шоҳид” аст, ба Русия фиристода ва Русия қарор аст аз онҳо дар ҷанг алайҳи Укроин истифода кунад. 

Гузоришҳои баъди ҳокӣ аз он буд, ки русҳо дар истифода аз паҳподҳо бо “мушкилоти фаннӣ” мувоҷеҳ шудаанд. 

Иёлоти муттаҳида эълом кард, ки чаҳор ширкат ва як фарди эрониро ба хотири кӯмак ба Русия дар ҷанги Укроин таҳрим кард. Ин ширкатҳо аз сӯи давлати Амрико ба ҳамоҳангии парвозҳои низомӣ миёни Эрон ва Русия, аз ҷумла барои интиқоли паҳпод ва таҷҳизоти муртабит муттаҳам шуданд. 

 Рӯнамоӣ аз Ораш-2 ва таҳдидот алайҳи Исроил 

Баҳси нобудии Исроил ва таъкид бар авлавияти ин ҳадаф дар Ҷумҳурии Исломӣ, масъалаи тозае нест ва солҳост аз забони мақомҳои аршадм низомӣ ва идорӣ такрор мешавад. 

Аз ҷумла, Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар суханронии рӯзи Қудс соли 1400 иддао кард, ки “ҳаракати нузулӣ ва рӯ ба завол”-и Исроил шурӯъ шуда ва вақфа нахоҳад дошт. 

Хоманаӣ дар соли 1395 низ дар як суханроние гуфта буд, ки Исроил 25 соли ояндаро нахоҳад дид ва Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс, ки дар Ироқ кушта шуд, дар истиқбол аз ин таҳдид гуфта буд, ки “ин як ваъдаи илоҳӣ аст, ки ҳатман муҳаққиқ мешавад.” 

Эрон то кунун борҳо аз сӯи Ғарб муттаҳам шуда, ки аз паҳподҳо барои ҳамла ба мавозеъи Амрико ва Исроил ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа истифода мекунад. 

Аз ҷумлаи онҳо, як нафткаши исроилӣ 29 июли соли 2021 дар ҳини сафар бидуни маҳмулаи худ аз Танзания ба Амороти муттаҳидаи арабӣ дар савоҳили Уммон мавриди ҳамла қарор гирифт. Нерӯи баҳрии Иёлоти муттаҳида, Исроил ва бархе аз мақомоти аврупоӣ, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба даст доштан дар ин ҳамлаи паҳподӣ муттаҳам карданд. Давлати Эрон аммо дахолат дар ин ҳамларо такзиб кард.

Дар ин ҳамлаи нохудоии руминияагии киштӣ ва як муҳофизи бритониёӣ кушта шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *