Рубрики Хабарҳо

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ

Субҳи имрӯз, 14 сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша бо истифода аз силоҳ сурат гирифт. Дар ин бора хабаргузории қирғизии бо истинод ба Хадамоти сарҳадии КДАМ Қирғизистон хабар медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ иттилоъе дар ин бора нашр накардаанд.  

Дар изҳороти КДАМ Қирғизистон гуфта мешавад “зимни адои масъулият дар маҳалли Булак-Башии ноҳифи Баткенти вилояти Баткент гурӯҳи сарҳадбонони Қирғизистон гурӯҳи сарҳадбонони Тоҷикистонро мушоҳида кард, ки бо шикастани шартномаҳои қаблан байни ду кишвар имзошуда, дар қисмати хатгузоринашуда мавқеъи низомӣ гирифтааст”. 

Ин ниҳод даъво дорад, ки сарҳадбонони тоҷик бо нодида гирифтани “талабҳои қонунии ҷониби қирғиз” ба самти онҳо оташ кушодааст. Дар посух сарҳадбонони қирғиз низ аз силоқ кор гирифтаанд. 

Байни ду ҷониб тирпарронии мутақобил сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон гӯё аз минандозҳо истифода кардааст.

Тибқи гузориши манбаъ, соати 9:30 ба вақти Бишкек (8:30 бо вақти Душанбе), 14 сентябр тирпарронӣ гоҳе шурӯъ ва гоҳе қатъ мешавад. 

Ин ниҳод гузориш дода, ки аз ҷониби қирғизҳо ҳеҷ захмӣ ё куштае ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар хомӯшии ҳамешагии мақомоти тоҷик муайян кардани вуҷуд ва шумори осебдидаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ғайриимкон аст. 

Байни сардорони раёсатҳои сарҳадбонии Баткен ва Суғд гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифтааст ва ҷонибҳо тасмим доранд мулоқот анҷом дода, аз шиддат гирифтани хушунат пешгирӣ намоянд.

Ҷониби Қирғизистон зимни хушунатҳо ҳамеша аввалин шуда баёнот нашр мекунад ва бо ВАО дар тамос аст. Ҷониби Тоҷикистон ё комилан хомӯш меистад ва ё баёнияашро соатҳо пас аз ҷониби муқобил нашр мекунад. Ин боис мешавад фарзияи қирғизҳо дар расонаҳои байналмиллалӣ роҳ ёбанд ва онҳо ҳамеша дар ҷанги иттилоъотӣ пешсаф бошанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *