Рубрики Хабарҳо

Иқтисоди Чин дар се моҳи аввали сол ҳудуди панҷ дарсад рушд кард

Пандемияи коруно ва ҷанги Укроин ҳам натавонистанд ҷилави рушди иқтисоди Чинро бигиранд. Иқтисоди Чин дар се моҳи нахусти соли 2022 ҳудуди панҷ дарсад рушд кардааст. Тавлидоти саноъатӣ равнақ ёфтааст, аммо карантинҳо ба хариду фурӯшӣ таъсир манфӣ гузоштааст. 

Идораи омори Чин рӯзи душанбе 18 апрел эълом кард, ки иқтисоди ин кишвар дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳудуди панҷ дарсад рушд доштааст. Бар асоси додаҳои ин ниҳоди давлатӣ, рушди иқтисодии дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аз моҳи март кунадтар шуда ва масрафи дохилии коло низ коҳиш ёфтааст. 

Фу Лингӯй, сухангӯи идораи омори Чин гуфт: “Аз моҳи март авзоъ дар ҷаҳон печида шуда ва мушкилот дар тавлид ва фаъолияти ширкатҳои чинӣ афзоиш ёфт. Ҳамлу нақл ва лоҷистик низ таҳти таъсир қарор гирифт.” 

Давлати Чин рушд 5,5 дарсадиро барои кулли сол таъйин карда буд ва интизор мерафт, ки густариши вируси коруно, карантин ва муқаррароти манъи омадурафт дар шаҳрҳои Чин ва ҳамчунин таъсири ҷанги Укроин боиси коҳиши чашмгири рушди иқтисодӣ шавад ва онро ба ҳудуди ҷаҳор дарсад бирасонад. 

Рушди иқтисодии ин кишвар дар се моҳи охири соли 2021 ҳудуди чаҳор дарсад буд. 

Коршиносон интизор доранд, ки маҳдудиятҳои коруноии Чин ба заъифсозии иқтисод дар семоҳаи дувуми сол идома диҳад. Нишонае аз ин коҳишро метавон дар хариду фурӯшиҳо мушоҳида кард, ки дар моҳи март сеюним дарсад нисбат ба моҳи мушобеҳи соли гузашта коҳиш доштааст. 

Бо ин ҳол, тавлидоти саноъатӣ бо афзоиши ҳудуди панҷ дарсад беҳтар аз ҳадди интизори нозирон рушд кардааст. 

Сармоягузории собит низ дар се моҳаи нахусти сол беш аз пешбиниҳо афзоиш нишон дод ва дар маҷмӯъ ба 9,3 дарсад расид. Бо ин ҳол сармоягузориҳо дар моҳи март ба таври эҳсосшаванда заифтар буд ва нисбат ба моҳи мушобеҳи соли қабл низ танҳо 0,6 дарсад афзоиш доштанд. 

Чин дар ҳоли ҳозир бузургтарини мавҷи коруноро аз замони оғози пандемӣ таҷриба мекунад ва ба унвони пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон сиёсати сахтгиронаи “Ковид сифр”-ро думбол мекунад. Миллионҳо нафар наметавонанд хонаҳои худро тарк кунанд. 

Муқаррароти манъи рафту омад барои мисол дар Шангхай чунон сахтгирона аст, ки шаҳрвандон ҳатто барои таҳияи маводи ғизоӣ ё ҳавохурӣ ва варзиш низ иҷоза надоранд аз сукунатгоҳҳои худ хориҷ шаванд. 

Бисёре аз ширкатҳо маҷбуранд фаъолияти худро таътил кунанд. 

Коҳиши масрафи хонадонҳо 

Коршиносони “Оксфорд Економикс” (Oxford Economics) аз рушди иқтисодии Чин дар тӯли се моҳаи аввали сол мутааҷҷиб шуданд. Вале онҳо бар ин боваранд, ки рушди иқтисодии эъломшуда бештар мунъакискунандаи рушд дар январ ва феврал аст, яъне қабл аз ин ки фаъолияти иқтисодӣ дар март заъиф шавад. 

Дар моҳи март иқтисоди Чин ва ба вижа масрафи хонадонҳо ба далели маҳдудиятҳои коруноӣ ва карантинҳо коҳиш ёфт. Ин мушкилот эҳтимолан дар ҳафтаҳои оянда низ идома хоҳад дошт. 

Бонки Марказии Чин рӯзи ҷумъа, 15 апрел ба манзури равнақи иқтисодӣ, ҳаддиақали захираҳои бонкҳоро андаке коҳиш дод. Ин тадбир дар баландмуддат ҳудуди 530 миллиард юан (76 миллиард евро) пули нақд фароҳам хоҳад кард. Бо ин ҳол Бонки Марказӣ он тавр, ки бархе коршиносон интизор доштанд нархи баҳраҳоро афзоиш надод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *