Рубрики Хабарҳо

Парвиз Мушарраф ба эъдом маҳкум шуд

 Додгоҳи Покистон имрӯз, сешанбе 17 декабр Парвиз Мушарраф, нахуствазири собиқи ин кишварро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ба эъдом маҳкум кард. 

Ба гузориши расонаҳои Покистон аз ҷумла рӯзномаи “Дун нюз”, додгоҳи вижаи Исломобод имрӯз Парвиз Мушарраф, нахуствазири собиқи ин кишварро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ба эъдом маҳкум кард. 

Ин додгоҳ эълом кард, Мушарраф ба иттиҳоми таълиқи қонун асосӣ ва нақзи қавонини кишвар дар севвуми ноябри соли 2007 муҷрим шинохта шуда ва ба эъдом маҳкум мешавад. 

Мушарраф дар моҳ октябри соли 1999 давлати Навоз Шариф, нахуствазири вақти Покистонро бо кудатои низомӣ сарнагун кард. 

Вай таҳти фишори Ҳизби мардумӣ ва Мусаллам лиги Покистон дар моҳ августи соли 2008 аз симати худ истеъфо дод. 

Ин аввалин бор дар таърихи Покистон аст, ки як ҳокими низоми собиқ бо иттиҳоми “хиёнати бузург ба ватан” мувоҷеҳ ва ба эъдом маҳкум мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *