Рубрики Хабарҳо

Бонувони муштзани тоҷик дар Русия соҳиби ду медал шуданд

Бонувони муштзани кишвар дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон дар миёни кишварҳои тавлидкунандаи нафт, ки ахиран дар шаҳри Белоярски Русия баргузор шуд, як медали нуқра ва як брунз касб карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар радаи вазни то 57 кило Малика Шаҳидова ва Ирина Сафароваи русияиро мағлуб кард ва ба рақобати ниҳоӣ суъӯд кард. Мутаассифона, дар рақобати ниҳоӣ бо Дарё Абрамова, ки низ муштзани мезбон буд, ӯ натавонист силсилаи пирӯзиҳояшро идома диҳад ва саранҷом бо медали нуқра сарфароз гардид.

Шоира Зулқайнарова, муштзани дигари Тоҷикистон бо шикасти Анастасия Горожаневаи русияӣ медали брунз дарёфт кард.

Идимоҳ Холова, Бахтовар Сагизов ва Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқот натавонистанд медал касб кунанд.

Дар 17-умин мусобиқоти World Cup of Boxing Oil Countries дар кулл 127 варзишкор, аз ҷумла 87 мард ва 40 бону аз 23 кишвар ширкат карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *