Рубрики Хабарҳо

Масеҳиён дар Англия ба ақалияти мазҳабӣ табдил шудаанд

Натиҷаи саршумории соли 2021 дар Бритониё нишон медиҳад, ки пайравони дини масеҳият барои аввалин бор дар Англистон ва Уелс дар ақаллият қарор гирифтаанд. 

Додаҳои дафтари миллии омор дар Бритониё, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, ки камтар аз ниме аз ҷамъияти Англия ва Уелс худро масеҳӣ муаррифӣ кардаанд. Бино ба ҳамин додаҳо 46.2 дарсад ҷамъияти Англия худро масеҳӣ медонад. Ин рақам дар саршумории як даҳа пеш 59.3 дарсад буд. 

Теъдоди афроде, ки дар Англия худро мусулмон медонанд ба 6.5 дарсад расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки ин рақам як даҳа пеш 4.9 дарсад буд. 

Беш аз як севуми ҷамъияти Англия (37 дарсад) дар саршуморӣ эълом кардаанд, ки пайрави ҳеҷ кадом аз адён нестанд. Ин рақам дар саршумории сол 2011 танҳо 25 дарсад буд. 

Масеҳиён дар ҳоле дар Англия ва Уелс ба ақаллияти мазҳабӣ табдил шудаанд, ки дини расмии кишвар масеҳият аст ва подшоҳи Бритониё раиси калисои олии Англия маҳсуб мешавад. 

Баррасии додаҳои мунташиршуда нишон медиҳад, ки теъдоди афроди “бидуни дин” дар манотиқе аз Англия ва Уелс, ки ҷамъияти сафедпусти бештаре доранд, бештар аз манотиқе аст, ки ақаллиятҳои қавмӣ ҳузури пурранге доранд. 

Кунишгарони секулорист (мудофеъи ҷудоии дин аз сиёсат) дар Бритониё ба думбол интишори додаҳои дафтари миллии омори ин кишвар хостори таҷдиди назар дар нақш ва аҳамияти дин дар умури ҷомеа шудаанд. Давлати Бритониё ҳазинаи мадориси калисои Англияро таъмин мекунад ва усқуфҳо узви Маҷлис Аъён ё Маҷлис лордҳо ҳастанд. 

Додаҳои саршуморӣ дар ду бахши дигари Биритониё яъне Шотландия ва Ирландияи шимолӣ ба таври ҷудогона аз Англия ва Уелс мунташир хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *