(Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)
Дар меҳмонӣ
Он рӯзро ҳоло ҳам бо тамоми ҷузъиёташ дар ёд дорам. Моҳи октябри соли 1990 буд. Шабу рӯзҳои тирамоҳӣ, ки бӯйи баргҳои намноки афтода бо ҳавои тоза омехта мешуд ва рӯҳи одамро оромӣ мебахшид. Бегоҳе Шерализода маро ба хонаашон даъват карданд. Аввал дар дилам гузашт, ки шояд аз деҳа меҳмоне омадааст. Чунин одат буд: агар меҳмон ояд, ҳатман ҳамдеҳагонро ба сари дастархон мехонданд.
Аммо вақте ба хона расидам, ғайр аз аҳли хонадон касе дигар набуд. Янгаи Хосият аллакай дастархон густурда буданд. Нонҳои гирда, қанд, мавизу донаҳои зардолуи хушк ва албатта пиёлаҳои сабзи чинӣ рӯйи дастархон мисли гулҳои тару тоза медурахшиданд. Ман дар канори миз нишастам.
Шерализода пиёларо ба даст гирифта, бо оромиву эҳтироми хос чойгардон мекарданд. Хостам чойникро аз дасташон гирам, вале бо табассуме, ки чеҳраи нурониашон боз ҳам зеботар менамуд, гуфтанд:
– Меҳмон атои Худост.
Ҳамин гуфтаашон бо лаҳни мулоим, як навъ гармие дошт, ки гӯё хастагии рӯзро аз дили одам мешуст. Он кас гоҳ-гоҳ сигор мекашиданд, аммо ҳамон ҳам бо назокат. Янгаи Хосият дар як гӯшаи миз сигордонро гузошта буданд, то ҳама чиз тартибу низоми худро дошта бошад.
Шерализода бо чеҳраи пур аз меҳрубонӣ пиёлаи чойро ба ман дароз карданд. Суҳбат аввал парешон буд – аз ҳаво, аз рӯзгор, аз хабари ину он. Аммо гӯё пиёлаи чойи гарм суҳбатро низ гарм карда бошад, суҳбат ба маҷрои ҷиддитар даромад.
Мактаби “Комсомолка”
– Шумо факултаи журналистикаи Донишгоҳи Маскавро кадом сол хатм кардед?,- пурсиданд.
– Соли 1984,- гуфтам ман.
Он гоҳ бо каме ҳайрат сар ҷунбонида, гуфтанд:
– Ҳамон соле, ки ман рисолаи номзадиро ҳимоя карда будам.
Сипас, аз солҳои донишҷӯӣ, аз мактаби рӯзноманигории Маскав пурсиданд. Дар чашмонашон як навъ дурахши кунҷковӣ ва ҳамзамон эҳтиром дида мешуд. Ман ба ёд овардам, ки он факултет воқеан ҳам мактаби бузург буд: барои рӯзномаҳои марказӣ кадр тайёр мекард, беҳтарин устодони соҳаи журналистика дар он ҷо дарс медоданд. Сарвари факултет Засурский Ясен Николаевич шахсияти маъруф ва пурэътибор буд.
Мо дар бораи усулҳои дарсдиҳӣ, назария ва амалияи рӯзноманигорӣ суҳбати тӯлонӣ доштем. Ҳар саволашон дақиқ ва нишонрас буд. Ҳис мекардам, ки барои онҳо на танҳо ҷавоб, балки тарзи баёни андеша низ аҳамият дорад.
– Ба назари шумо, дар таълими журналистӣ кадом чизҳо муҳим буданд?,- боз пурсиданд.
Ҷавоби ман кӯтоҳ буд: муҳимияти пайванди назария бо амал.
Гумон мекунам ин ҷавоби ман он касро чандон қонеъ накард.
Боз пурсиданд, ки замони донишҷӯӣ кадом лаҳзаҳо хотирмон буданд?
Гуфтам:
– Лаҳзаҳи хотирмон зиёд буданд. Аммо якеро то ҳол фаромӯш накардаам.
Леонид Брежнев ва матбуот
Дар рӯзномаи «Комсомольская правда» таҷрибаомӯз будам. Мудири шуъба Людмила Усолтсева бо кормандон Алексей Черниченко, Александр Росляков, Татяна Хорошилова маҷлис мегузаронид. Ман ҳам он ҷо ҳузур доштам. Ногоҳ аз қабулгоҳи сармуҳаррир Генадий Селезнёв як корманд давида даромаду гуфт, ки Черниченкоро фавран даъват доранд. Боз илова намуд, ки бо ӯ Котиби генералии КМ Леонид Илич Брежнев мехоҳад суҳбат кунад.
Росляков, ки бо шӯхиҳои нешдораш маъруф буд, ба қитиқи Алексей расида, бо ҳазл гуфт:
– Дав, дав, Леонид Илич махсус бо ту гап задан мехоҳад!
Мо ҳама хандидем. Ба назар расид, ки ин бозии навбатии ҳамкасбон аст. Вале корманд исрор кард, ки Алексей ба қабулгоҳи сармуҳаррир давад.
Генадий Селезнёв дар идора ҳузур надошт. Бо Леонид Брежнев муовини аввал гап мезад. Чанде нагузашта Алексей баргашт. Пур аз ҳаяҷон буд, аммо кӯшиш мекард худро ором гирад. Нақл кард, ки мақолааш дар бораи пудрати оилавӣ, ки ду рӯз қабл дар рӯзнома чоп шуда буд, ба Кремл писанд омадааст. Яке аз ёрдамчиёни Брежнев ба идора занг зада, гуфтааст: «Леонид Илич бо сармуҳаррир суҳбат кардан мехоҳад».
Сармуҳаррир ки набуд, муовини аввалро назди телефон даъват мекунанд. Вақте телефонро пайваст карданд, воқеан садои худи Леонид Брежнев дар гӯшӣ баланд шуд:
– Черниченко мақолаи хуб навиштааст. Ташаккури маро ба ӯ расонед.
Алексей нақл кард, ки муовини сармуҳаррир ҳамон лаҳза рост истода, бо як даст телефонро медошт ва бо дасти дигар арақи пешониашро пок мекард.
Мо ҳайрон мондем. Ин шӯхӣ не, баёнгари нақш ва қудрати матбуот дар он замон буд. Як матлаби оддии рӯзноманигор метавонист то ба гӯши роҳбари аввали Иттиҳоди Шуравӣ бирасад.
Ман дар идомаи суҳбат ба Шерализода гуфтам:
– Воқеан, замони Шуравӣ чунин ҳолатҳо бисёр буданд. Аз Кремл ба идораҳои рӯзномаҳо занг мезаданд, то нишон диҳанд, ки матбуот зери назар аст, ҳамзамон бо чунин амал эътироф мекарданд, ки онҳо рӯзнома мехонанд.
Сипас, мисоли дигар овардам:
– Бобоҷон Ғафуров низ ҳамин одатро доштаанд. Ҳанӯз соати шаши саҳар, вақте ки шаҳр хоболуд аст, он кас ба вазирон телефон карда, мепурсиданд: «Фикратон дар бораи фалон мақола чист?». Ба ҳамин хотир вазирон ва раисон маҷбур буданд, ки ҳар саҳар навбат истода, рӯзнома харанд. Хондани рӯзнома барои онҳо на танҳо шавқ, балки ба зарурат мубаддал шуда буд.
Шерализода бо табассум ба сухани ман илова карданд:
– Ана ҳамин аст қудрати матбуот. Ҳарфе, ки рӯзноманигор менавишт, метавонист одамони баландпояро ҳам ба изтироб андозад, ба андеша водор кунад. Ҳар кас, ки рӯзнома намехонад, аз воқеияти ҷаҳон бехабар мемонад.
Муродуллоҳ Шерализода сигор оташ доданд. Дуди сафеди он ба фазои хона печид. Он кас гуфтанд:
– Қимати кори рӯзноманигор ду баробар меафзояд, вақте ки мақолааш на танҳо хонандаи оддӣ, балки масъули баландпояро низ водор мекунад, ки субҳи барвақт, бо чашмони хоболуд ба дӯкон давад, рӯзнома харад ва бо изтироб саҳифаҳои онро варақ занад.
Шерализода баъди шунидани нақли ман дар бораи рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ дар «Комсомольская правда» ва ҳодисаи бо Черниченко рухдода бо табассум гуфтанд:
– Ана ҳамин лаҳзаҳо нишон медиҳанд, ки журналистика танҳо таҳлил ё назария нест, балки зиндагии воқеист.
Як дастаи гул киро куштааст?
Ман низ аз таваҷҷуҳи он кас ба шавқ омада, идома додам:
– Солҳои донишҷӯӣ дар МГУ барои ман давраи воқеии ташаккули касбӣ буданд. Дарсҳо пуршиддат, аммо ҳавасмандкунанда буданд. Ҳар як баҳс, ҳар як супориш моро маҷбур мекард, ки бештар хонем, амиқтар фикр кунем ва ҷаҳонро аз нигоҳи рӯзноманигор бубинем. Ба ғайр аз машғулиятҳои назариявӣ, бо «Комсомольская правда» ҳамкорӣ мекардам. Ҳамон солҳо як очерке бо номи «По следу лазурита» дар ҳаҷми як саҳифаи “Комсомольская правда” чоп кардам, ки то имрӯз аз хотирам намеравад. Кормандони редаксия, ҳамсабақон бо дастагулҳо маро табрик карданд.
Албатта, чунин ҳамраъйӣ ба рӯзноманигор бол мебахшад. Он дам ту эҳсос мекунӣ, ки кори бузургеро анҷом додаӣ ва сухани ту ба дилҳо роҳ ёфтааст. Аммо, мутаассифона, муҳити журналистии мо чунин фазоро намешиносад. Агар ҳатто «Шоҳнома» нависӣ, ҳамкасбат аз паҳлуят бо сари хам гузашта меравад, гӯё чизеро нахондаасту нашунидааст. Ҳол он ки, танҳо як «муборак бошад» гуфтан на қимати одамро паст мекунад ва на эътиборашро кам. Баръакс, сухани нек рӯҳи эҷодкорро қавитар месозад, ба қалам неру мебахшад ва муҳити дӯстона меофарад. Мутаассифона, мо одат кардаем, ки хомӯш бошем, на қадршинос. Ҳамин хомӯшӣ бисёр вақт гаронтар аз ҳар гуна интиқод меафтад.
Он солҳо дар “Комсомольская правда” мақола чоп кардан душвор буд. Зеро талабот сахт буд. Аз сад маводе, ки ба идораи рӯзнома ворид мешуд, ҳамагӣ яктоаш рӯи чопро медид. Дигар ҳамааш ба сабади рӯзнома мерафт.
Шерализода, ки бо диққат ба ҳар сухани ман гӯш мекарданд, каме ба курсӣ такя дода, гуфтанд:
– Бале, мутаассифона, чунин муҳит танҳо хоси журналистика нест. Инро дар табиати мардум бояд ҷуст.
Сипас, пурсиданд:
– Очерк дар бораи чӣ буд?
– Дар бораи сафар бо геологҳои советӣ ба Бадахшони Афғонистон. Он замон вазъ нисбатан ором буд, имкони сафар доштем. Мо то қуллаи тақрибан панҷ ҳазор метр баромадем. Дар қуллаи яке аз кӯҳҳои лоҷуварддара геологҳо кони лоҷувард пайдо карданд. Сафар хеле душвор буд: савори хару аспу гову пиёда, аз роҳҳои пурсангу хатарнок мегузаштем. Аммо ҳамон сахтиҳо “ҷазо”-и воқеии журналист буданд – мушоҳида кардан, бо чашми худ дидан, бо вуҷуди хатар навиштан.
Шерализода сарашонро каме хам карда, андешаомез гуфтанд:
– Ман ҳам ба он кӯҳҳо рафтаам. Афғонистонро бе бӯйи хокаш, бе роҳҳои хатарнокаш фаҳмидан намешавад. Ва очерки шумо ҷоиза гирифт, ҳамин тавр?
– Бале,- ҷавоб додам ман.- Аммо мукофот барои ман муҳим набуд, муҳим таҷриба буд. Дар бозгашт вазъ ногаҳон дигар шуд: дар Кобул тарафдорони ҳизби «Шуълаи ҷовид» тазоҳурот барпо карданд. Онҳо ҳатто сафири Амрикоро гаравгон гирифтанд. Ба мо телефонограмма омад, ки зуд ба Кобул баргардем. Аммо дар Бадахшони Афғонистон ба муҳосира афтодем. Бо кумаки дӯстони афғон, бо мушкилоти зиёд тавонистем аз он вазъият берун бароем.
Шерализода оҳиста сар ҷунбонида, гуфтанд:
– Журналистика ҳамин аст, ки ҳамеша дар канори воқеа ва дар маркази хатар қарор дорӣ. Хусусан дар Афғонистон.
Ман тасдиқ кардам:
– Дуруст мегӯед. Баъдан кори дипломиро низ дар мавзуи матбуоти Афғонистон навиштам: таҳлили рӯзномаи «Анис». Роҳбари кори дипломиам декани факулта Засурский Ясин Николаевич буданд.
Нигоҳи Шерализода равшантар гашт:
– «Анис»-ро ман ҳам зиёд мехондам. Ҳангоми дар Кобул буданам ҳар рӯз онро дастрас мекардам. Дар Афғонистон, бо вуҷуди ҳама фишорҳо, рӯзноманигорон талош мекарданд садои ҷомеа баланд бошад.
Ман афзудам:
– Нозукии журналистикаи Афғонистон ҳамин буд: ҳар калима метавонад сарнавишти рӯзноманигорро тағйир диҳад. «Анис» кӯшиш мекард миёни садоҳои мухталиф ҷое барои гуфтугӯ пайдо кунад.
Шерализода бо нигоҳе ҷиддӣ ва каме тӯлонӣ ба ман гуфтанд:
– Ин чизест, ки мо низ бояд дар хотир дошта бошем. Журналистика танҳо хабар додан нест, масъулият аст. Масъулияти ҳақ гуфтан, ҳатто агар он ба ҷони кас хатар ҳам оварад.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube