Насиҳати мардум ҷиҳати хароҷоти зиёд накардан (1) ва захираи дусолаи ғизо таҳия сохтан (2) ду самти асосии таблиғот ва ҳам таркиби асосии сиёсати иқтисодии ҳукумати феълии кишвар мебошанд.
Ҳа-ҳа, агар ин тавр набудӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафтаву моҳу сол инро гштаву баргашта таъкид намекард.
Ду таркиб ва даъвати ба ҳам комилан зид!
Ду амали зидди рушди иқтисодӣ!
Онҳое, ки аз илми иқтисод баҳра бурдаанд, инро хуб медонанд. Барои азизони дигар мегӯям, ки чаро?
Худ қазоват кунед:
1) Захираи дусола кардан аз ҳар хароҷоти дигари як оилаи миёнаи тоҷикистонӣ бамаротиб зиёд аст. Як лаҳза тасаввур кунед, ки сарварони 940-980 ҳазор оилаи тоҷик ин даъватро пазируфтанду рӯ ба бозору мағозаҳо оварданд: 700-800 ҳазор тонна орд, 100-110 ҳазор тонна шакари иловагӣ…(биёед аз дигар ғизо мисол назанам) лозим мешаваду нархҳо ба осмон мебароянд…Ба қавле одамхӯрӣ мешавад. (Хайрият, ки аксарияти кулли сарварони оилаҳои тоҷик ин даъватро боре ҳам напазируфтанд)
2) Харҷ кардан дар иқтисод ҳамон истеъмол аст. Дастгирии давлатии истеъмол баъди буҳрони соли 2008 абзори асосии раҳоӣ аз буҳрон ва асоси рушди иқтисодҳои гуногун шуд: Онро аз ИМА то Чину Ҷопун муваффақона таҷриба карданд.
Давлатҳо шароит меофаранд, ки мардум ҳарчи зиёдтар харҷ кунанд, ҳатто қарзи бонкӣ гирифта харҷ кунанд. Дар мо баръакс, ҳатто гӯё илтиҷо мекунанд, ки харҷ накунед. Зери соуси «ғамхории падарона», албатта.
Ин ҳамаро дида, баъд аз дисонанси конгнитивӣ ё таркиш дар мағзи солим борҳо аз худ мепурсам, ки чаро ҳукуматдорони мо аз ин ду таркиб ва даъвати ба ҳам комилан зид истифода мебаранд? Ин гуна сиёсати зидди рушди иқтисодӣ аз куҷо об мехӯрад?
Ҳоло ба ин нукта расидам, ки ин гуна сиёсат танҳо моли мафкурае шуда метавонад, ки ба қавли Мушфиқӣ ҳамеша «дар фикри харҷи ҳамшира аст…»
P S: Дар бораи намоишкорӣ ва зоҳирпарастӣ ин маълумоти эксклюзив фаромӯш нашавад:
— Барои гашти ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии «Истиқлолият» 50 ҳазор одам ҷалб шудаанд, ки 20-25 ҳазорашон мулкиҳоянд;
— Ин шеваи ҷашнгирӣ ҳудуди 7-9 млн. доллари ИМА хароҷоти иловагӣ талаб мекунад;
— Барои сохтмони як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 640 хонанда камтар аз 800 ҳазор доллар лозим аст;
-Дар Тоҷикистон ҳудуди 700 мактаб намерасад, ки 400 — тои он ба вилояти Хатлон рост меояд;
— Чойхонаи «Наврӯз» бо харҷи 96 миллион доллар сохта шудаасту бо супермаркету туйхонаву кинотеатраш дар 200 сол ҳам сармояи масрафшударо намепӯшонад…
Фомидед, амширао? Эконом кунед!
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Матн аз Фейсбук