Қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016, гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров ин бегоҳ аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунад. Тибқи маълумотҳо соати 18:00 ба пойтахти Тоҷикистон рафта мефарояд.
Қаҳрамони олимпиро дар фурудгоҳи пойтахт раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Адҳам Абдуллозода, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва аҳли оилаву наздикони ӯ пешвоз мегиранд.
Дилшод Назаровро ҳазорон мухлисон низ пешвоз мегиранд, ки қад-қади роҳҳои пойтахт қаҳрамони олимпиро шодбош хоҳанд гуфт.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо Дилшод Назаровро баъди пешвоз дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ёдовар мешавем Рӯзи 19 август Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр дар мусобиқаи гурзандозии Олимпиадаи Рио-де-Жанейро ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, ки ягона медали дастаи Тоҷикистон дар ин Олимпиада аст.