Ширкати чинии роҳи оҳани Ҷунан аз хариди 70%-и саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” изҳори омодагӣ кардааст. Созишномаи пешакӣ дар ин маврид байни ширкати чинӣ ва ТСБ имзо шудааст.
Ширкати чинӣ айни ҳол ба омӯзиши вазъи молии ТСБ ва имкони воридсозии сармоя ба ин бонк машғул аст. Тибқи иттилоъи Азия Плюс, ширкати чинӣ ният дорад то 200 миллион доллар ба ТСБ сармоягузорӣ кунад.
Ин хабаргузорӣ бо такя ба манбаъаш ҳамчунин иттилоъ додааст, ки гуфтушуниди ТСБ бо чанд ширкати дигари хориҷӣ барои ҷалби сармоя идома дорад. Аз ҷумла ВТБ ва Сбербанки Русия, “Казкоммерсбанк”-и Қазоқистон ва дигар ширкатҳо аз Ҳонконг, Словакия ва Малайзия.
Қаблан гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон карда буд, ки то 51 дарсади саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро харидорӣ мекунад. Ин аввалин маротиба буд, ки як ширкати хориҷӣ омода шуд миқдори бузурги саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро харидорӣ кунад. Аз ин ки ТСБ бо ширкати чинӣ вориди гуфтугӯ шудааст, он ҳам барои фурӯши 70 дарсади саҳмия, метавон хулоса кард, ки ширкати саудӣ аз нияташ гаштааст.
Ширкатҳои чинӣ бо дарёфти имконоти зиёд аз мақомоти Тоҷикистон бошиддат вориди бозорҳои Тоҷикистон мешаванд. Аз ҷумла бузургтарин корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон — ширкати алюминии ТАлКо, ки қаблан мақомот онро ширкати миллӣ хонда зиди фурӯшаш буданд, қисман моли ширкати чинӣ шудааст.
Феълан 80 дарсад саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» дар дасти давлат қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои наҷоти ин бонк беш аз 2 миллиард сомонӣ ҷудо кард ва дар иваз 85 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёри худ гирифт. Як мақоми «Тоҷиксодиротбонк» баҳори имсол гуфта буд, ки «бонк бо пардохти тақрибан 113 миллион сомонӣ панҷ дарсади саҳмияҳои худро дубора аз ҳукумат гирифт.»
Масъулони «Тоҷиксодиротбонк» дороиҳои бонкро ба 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ баробар медонанд. «Тоҷиксодиротбонк» охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнашро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид.
Дар пайи он мақомоти Бонки Миллӣ барои ҳалли бӯҳрони «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққат таъин кард ва танҳо баъд аз шаш моҳи он дубора Тоҷиддин Пирзодаро ба раҳбарии ин бонк гузошт.
Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ беш аз 3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кард. Бо вуҷуди инки мақомоти бонк мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.
Дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.