Дӯстдорони баромадҳои шавқовари вазири маориф имкони тамошои бештари ӯро пайдо карданд. Дар ҷойивазкунии имсолаи вазирону раисон, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм курисашро дар ин вазорат тарк гуфта, ба курсии раёсати Кумитаи телевизион ва радио такя зад.
Курсии маъруфтаин вазир дар чанд соли охирро дар вазорати маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода соҳиб шуд. Имомзода то ин замон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон аст.
Маҳмадсаид Шоҳиён, ки курсии раисии Кумитаи радио ва телевизионро тарк гуфт, то ҳол маълум нашудааст кадом мақомро соҳиб хоҳад шуд, аммо бинобар хешиаш бо Рустами Эмомалӣ тахмин меравад, ки мансаби болотаре гирад.
Неъматулло Ҳикматуллозода ҳам курсии вазирӣ дар Вазорати савдо ва рушди иқтисодро ба Завқи Завқизода вогузошт ва худаш ёрдамчии расиҷумҳур дар умури иҷтисодӣ таъин гашт
Ҳамчунин Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанг аз мақомаш барканор шуда, мунтазири гирифтани курсии навбатӣ аст. Ба ҷои ӯ Зулфия Давлатзода омад, ки қаблан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд.
Чанд ҷойивазкунӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ низ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Шоҳ Искандаров аз вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Исфара барканор шуд пулиси шаҳри Бӯстонро қаблу кард. Ҷои Шоҳ Искандаровро дар Исфара муовини пешини вазири умури дохилӣ Нурулло Орипов пазируфт.
Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилӣ низ ба Суғд рафт то Раёсати корҳои дохилии ин вилоятро ба ихтиёр гирад. .