10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раисҷумҳури Қазоқистон минбаъд ғайриҳизбист

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дигар мутааллиқ ба ҳеҷ ҳизбе нест. Ӯ эълом кард аз раҳбарии Ҳизби ҳокими «Амонат» ва узвият дар он даст кашидааст. Ин тасмими Тоқаев дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби Ҳоким эълон шуд.

Қаблан ба ибтикори раисҷумҳури Қазоқистон дар Сарқонуни ин кишвар тағйиру иловаҳое ворид шуда буд, ки ғайриҳизбӣ будани раисҷумҳур яке аз ин тағйиротҳост.

«Ман тасмим гирифтам, ки аз имрӯз раҳбарии ҳизб ва узвияти худ дар онро қатъ кунам. Ин як гоми рамзӣ аст. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо барои боварӣ ва дастгирӣ дар интихобот миннатдорӣ баён мекунам», — гуфт ӯ зимни суханронӣ.

Раиси маҷлиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов ба ҷои Тоқаев раҳбари ҳизби ҳоким интихоб шуд.

Дар ин анҷуман Ҳизби «Адал»-и Қазоқистон низ ба ҳизби ҳоким пайваст. Масъулони ин ҳизби рӯ ба ҳукумат моҳи март гуфта буданд, ки бо ҳизби ҳоким якҷо мешаванд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *