Тибқи эълони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Иди Фитрро 2-юми май таҷлил мешавад.Тибқи қароре, ки имрӯз 27 апрел шӯро қабул кардааст, намози ид дар саросари кишвар соати 6-и субҳ хонда мешавад.
Ҳамчунин ҳаҷми аз ҷониби Шӯрои уламо имсол фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шуд. Нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки маблағи пардохтшавандаи закот 875 сомониро ташкил медиҳад. Фидя барои нафароне, ки имкони гирфитани рӯзаи моҳи Рамазонро надоранд, 14 сомонӣ барои рӯз ё 420 сомонӣ барои 30 рӯзи Рамазон таъин шудааст.
Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, имомхатибон барои «расонидани кӯмак ба мӯҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд».
Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва бархе кишварҳои Аврупо низ рӯзи идро 2 май эълон кардаанд.