Ожонси зидди фасод аз боздошти як пизишк дар шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки дар порагирӣ муттаҳам дониста мешавад
Духтури Муассисаи кӯмаки аввалини тиббӣ — санитарии шаҳри Истаравшан дар фурӯши билети ҳарбии корношоямӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои Ожонси зидди фасод, Анвар Тўйчиевич духтури Муассисаи кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарии шаҳри Истаравшан моҳи апрели соли ҷорӣ аз шаҳрванд Аҳроров О. М. барои омода карда додани билетӣ ҳарбии корношоямӣ, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 сомонӣ талаб кардааст.
Зимнан, номбурда 3500 сомониро пешакӣ гирифта, ба манифати охирин ягон амалро иҷро накард.
Манбаъ меафзояд, нисбати Аҳроров А.Т. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.