Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз боздошти як афсари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳоли гирифтани ришва хабар додааст. Ҳаҷми ришва “махсусан калон” гузориш мешавад.
Хабар гузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ менависад, ки “17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид”.
Маълум нест ин “пора ба миқдори махсусан калон” чӣ миқдор пулро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.