Жээнбек Кулубаев, номзад ба мансаби вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфт новобаста аз эътирози Қирғизистон, Туркия ба Тоҷикистон паҳподҳои “Байрактар” фурӯхтааст.
Тибқи иттилои хабаргузории 24KG имрӯз, 27 апрел дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон номзадии Жээнбек Кулубаев ба раёсати вазорати хориҷаи ин кишвар баррасӣ мешуд. Вакили парлумон Мирлан Самийкожо гуфт дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте пайдо шудааст, ки аз фурӯши “Байрактар”-ҳо ба Тоҷикистон гузориш медиҳанд ва аз Кулубаев хост мавзӯъро шарҳ диҳад.
Жээнбек Кулубаев тасдиқ кард, ки Тоҷикистон аллакай аз Туркия паҳпод харидааст.
“Бале, ин ҳақиқат дорад. Туркия ба Тоҷикистон “Байрактар” фиристод. Қаблан мо аз Туркия хоҳиш карда будем, ки дар ин масъала боэҳтиёт бошад, зеро мушкилот байни Қирғизистону Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст. Мо хоҳиш карда будем ба кишварҳои ҳамсоя паҳпод нафурӯшанд. Онҳо посух доданд, ки ин бизнес ва масъалаи гуфтариши ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ аст. Баъди дарёфти ҳамаи маълумот бо ҷониби Туркия гуфтугӯ хоҳем кард” — гуфтааст номзад ба вазирӣ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ маълумоте дар бораи хариди паҳмодҳо аз Туркия иттилоъе надодаанд.