Дар наздикии шаҳри Белгороди Русия, дар як анбори муҳимот таркиш ва сӯхтор ба амал омад
Волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков гуфт, ки субҳи имрӯз соати 3:30 аз садои баланде мисли таркиш бедор шуд ва дере нагузашта се таркиши дигарро шунид. Ӯ гуфт” «Ман бо Денис Золотухин, раиси шаҳраки Головинский тамос гирифтам. Маълум шуд, ки дар наздикии деҳаи Старая Нелидовка як анбори лавозимоти ҷангӣ оташ гирифтааст»
Инчунин таркише дигар дар маркази телерадиои «Маяк» дар минтақаи Приднестрове ба амал омад. Вазорати умури дохилии Приднестрове тасдиқ кар, ки дар рустои Маяки ноҳияи Григориопол ду таркиш рух додааст.
Ба гузориши Sputnik Молдова, муштариёни аслии ин марказ шабакаҳои телевизионӣ ва радиошунавонии Русия буданд. Ду манораи алока аз кор баромад.
Шабе қабл дар минтақаи Тираспол низ таркишҳо ба вуқӯъ пайваста буданд.
То ҳол касе масъулияти таркишҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.
***
Расонаи darakchi.uz хабар додааст, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон як ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки дар шаҳри Тошканд фаъолият мекунад, шаҳрвандонро бидуни иҷозатнома ба адои умра дар масири Тошканд-Дубай-Ҷидда мефиристодааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми азназаргузаронии мошинҳои идора ва кормандони ҶДММ маълум гардид, ки дар маҷмӯъ 116 нафар шаҳрвандон барои сафар ба хориҷа шиноснома доранд.
Ин ширкат шиносномаҳои қалбакии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро тартиб дода ҳангоми убур аз марзи давлатии байни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истифода мекардааст.
***
Дабири кулли СММ пешниҳод кард, ки дар масъалаи Украина як гурӯҳи алоқаи башардӯстона таъсис дода шавад
Гутерриш гуфт, СММ омода аст вазъро дар Азовстал пас аз ду-се рӯз арзёбӣ кунад, то таҳлияи ғайринизомиёнро ташкил кунад.
Дабири кулли СММ ҳамчунин аз талошҳои Туркия барои роҳандозии муколама барои ҳалли вазъ дар Украина ҳимоят кард.
***
Вазири вазорати барқтаъминкунии Булғористон хабар дод, ки шурӯъ аз имрӯз 27 апрел ширкати «Газпром»-и Русия интиқоли газ ба Булғористонро қатъ мекунад.
Муовини нахуствазир ва вазири молияи Булғористон гуфта буданд, ки ин кишвар қарордодаш бо Газпромро тамдид намекунад.
▪️Гази Русия 77%-и истеъмоли умумии “сузишвории кабуд”-и Булғористонро ташкил медиҳад.
Инчунин портали Onet Лаҳистон бо такя ба манобеи хабарии ҳукумат интишор кард, ки Русия интиқоли газ ба Лаҳистонро тавассути лӯлаи Ямал-Урупо қатъ кардааст. Сухангӯи ҳукумати Лаҳистон оид ба зерсохтори стратегии энержӣ Петр Наимский гуфт, Варшава қасд надорад ба Русия барои газ бо рубл пардохт кунад.
***
Дигар дар Туркия пӯшидани ниқоб дигар ҳатмӣ нест. Он бояд танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ пӯшида шавад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар мусоҳиба бо аъзои Шӯрои илмии Вазорати тандурустии Туркия оид ба мубориза бо коронавирус гуфт, ки дар кишвар низоми ниқобпӯшӣ қисман лағв шудааст.
Вай гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ чунин маҳдудиятҳоро дар замоне лағв карданд, ки эпидемия хатари бузурге дошт. Имрӯз Туркия низ ба ин марҳила расидааст ва дар ҳама ҷо пӯшидани ниқоб шарт нест.
***
Вести.кг иттилоъ дод, имрӯз додситонии кулли Қирғизистон раисиҷумҳур Садир Жапаровро ба ҳайси шоҳид дар рӯйдодҳои июни соли 2010 барои бозпурсӣ даъват кардааст.
Моҳи июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон даргириҳои қавмӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар натича садхо нафар сокинон кушта ва хазорхо кас ярадор шуда буданд.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев низ аз рӯйи ҳамин масъала бозпурсӣ шуда буд.
***
Дар музофоти Хэнани Чин бори нахуст дар байни аҳолӣ бемории зукоми мурғӣ H3N8 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии тандурустии Чин хабар додааст. Бемор писарбачаи чорсолаест, ки дар ноҳияи Чумадиян зиндагӣ мекунад.
«Тибқи ҳисобҳои пешакии коршиносон, вируси зукоми H3N8 дар паррандагон пайдо шуда, қаблан ба одамон сироят накардааст. Вируси H3N8 дар аспу сагон, паррандаҳо ва тюленҳо дар саросари ҷаҳон пайдо шудааст, аммо дар байни одамон ягон мавриди сирояти H3N8 ба қайд гирифта нашуда буд.