Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистону Қирғизистон қисмате дигар аз сарҳадро аломатгузорӣ карданд

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои топографӣ аз 1 то 6 декабри соли равон дар шаҳри Бодканд баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тавсифи тарҳи гузаргоҳи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро бо дарозии умумии 17,66 километр анҷом доданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кор дар бораи Ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2023 мувофиқа карданд.

Дар хабари вазорати корҳои хориҷӣ гуфта шудааст, ки мулоқоти навбатии ҷонибҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *