Рубрики Хабарҳо

Шумори мубталоёни коруно ба 1 млн наздик мешавад

То имрӯз 1 апрел шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё ба 858 ҳазору 600 нафар расид.

Тавре Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, 42 ҳазору 100  нафар бар асари ин беморӣ фавтида, 178 ҳазор нафар муолиҷа ва шифо ёфтанд.

Шумори сироятёфтагон дар ИМА 188 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад.

Дар 5 кишварҳои дигар, ки авҷи сироятёбӣ ба назар мерасад, шумори дучоршудагон дар 

— Италия — 105,7 ҳазор нафар

— Испания — 95,9 ҳазор нафар

— Чин — 81,5 ҳазор нафар

— Олмон — 71,8 ҳазор нафар

— Фаронса — 52,1 ҳазор нафар мебошад.

Дар Русия 2337 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Дар худи шаҳри Маскав  1613 мубталои ин вируси кушанда шудаанд. Аз ҷумла сардухтури бемористон дар Коммунарка Денис Протсенко, ки ҳафтаи гузашта Владимир Путин бо ӯ вохӯрда буд, аз коронавирус сироят ёфтааст.

Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 172 нафар расид. Дар Қирғизистон бошад, теъдоди гирифторони коронавирус 94 нафар эълон шуд.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *