Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз 30 март фармони фарохонии нахустин ҷаласаи сенати тозаинтихобшудаи порлумони кишварро ба имзо расонд.
Бино ба дафтари матбуотии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи сенаторҳо бар асоси фармон рӯзи 17 апрел баргузор хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси
миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро низ ба имзо расонид. Ин ҷаласа низ рӯзи 17 апрел барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор шуд. Дар натиҷа, 25 нафар, аз ҷумла, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сенатор интихоб шуданд. 8 нафар сенатори дигарро раисҷумҳур таъйин мекунад.
Сомонаи Ахбор менависад, ҳарчанд рӯзномаи кори иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон ҳанӯз рӯшан нест, вале интригаи асосии нахустин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ин аст, ки оё шаҳрдори 32-солаи Душанбе ва писари калонии раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ, ки аз номи пойтахт вакили Маҷлиси миллӣ интихоб шуд, ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси сенат интихоб мешавад ё хайр. Дар сурати интихобаш ба ин мақом, Рустами Эмомалӣ расман баъди падари 68-солааш, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳбари дуюми кишвар хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ инак се сол боз роҳбарии пойтахти кишварро дар даст дорад ва дар маҳфилҳо ӯро як вориси эҳтимолии курсии падараш рақам мезананд.