Categories Хабарҳо

6 кушта ва 6 захмӣ дар дар садамаи мусофирбаре, ки ба Тоҷикистон мерафт

Субҳи имрӯз 6-уми август дар ҳудуди ноҳияи Сасови вилояти Рязани Русия як мусоирфирбари ҳомили 12 шаҳрванди Тоҷикистон ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 6 нафари онҳо аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохтанд. 

Вазъи саломати ду нафар аз маҷрӯҳон вахим эълон шудааст. Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи ин садама оғоз кардааст. Расонаҳои русӣ навиштаанд садама бо айби ронандаи мусофирбар – шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон рух додааст. Ӯ гӯё ба самти муқобил баромада ба як ҷипи Ленд Крузер бархӯрдааст. 

Ин 12 куштаву захмӣ тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ ба самти Тоҷикистон раҳсипор буданд. 

Рӯйхати ҳалокшудагон:

Насримова Назира Ҷамшедовна (21.07.2005, ноҳияи Ванҷ)
Насримова Гулдона Саодатуллоевна (02.02.1983, ноҳияи Ванҷ)
Саидов Абдулло Саидбекович (12.12.1974, ноҳияи Рашт)
Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич (08.05.1989, ноҳияи Рӯдакӣ)
Халилов Ислом Исмоилович (1974, шаҳри Панҷакент)
Муллоев Фирӯз Бурҳонович (08.11.1977, ноҳияи Айнӣ)

Рӯйхати захмиён:

Аҳмедов Раҳмон Тоҳирович (02.05.1991)
Атоев Файзалӣ Файзуллоевич (16.04.1988)
Баротов Фурқат Зокирович (1971)
Алиев Самандар Валиевич (02.03.1981)
Назримов Ҷовидон Ҷамшедович (14.01.2007)
Саидов Саидхон Фатҳуллоевич (14.08.1984)

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *