Беш аз 50 ҷасад дар ду комюн муқобили як маркази кафан ва дафн дар Бруклин, аз қадимитарин бахшҳои шаҳри Ню-Йорки Амрико кашф шуд.
Ба гузориши расонаҳои Ню-Йорк, дар пайи шикоёти мутааддиди мардум мабнӣ бар интишори бӯйи бад аз ду комюни иҷораӣ, ки рӯзҳост муқобили як маркази кафану дафн дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк, ки дар садри шаҳрҳои бештарини қурбонии мубтало ба вируси COVID-19 қарор дорад, беш аз 50 ҷаноза кашф шуд.
Бар асоси ин гузоришҳо, маркази кафану дафни мазкур аз ин комюнҳои ҳомили ашё, ки фоқиди сардхона будааст барои нигаҳдории ҷасадҳо истифода карда ва барои сард нигаҳ доштани аҷсод бар рӯйи онҳо қолабҳои ях гузошта будааст.
Эрик Адамс, шаҳрдори Бруклин рӯзи гузашта дар ин робита эълом кард: Таҳқиқот дар ин хусус оғоз шуда ва мондани комюнҳои ҳомили ҷасад дар хиёбон ғайри қобили қабул аст.