Рубрики Хабарҳо

Раиси ҲНИТ дар бораи мансабҳои сифоиза ва ҳукумати исломӣ

Қаблан Паём ду қисмати мусоҳибаи раҳбари Паймони миллӣ ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба матн баргардон ва нашр кард. Қисмати аввал дар бораи фалсафаи интиқод ва кӣ будани ва қисмати дуввум дар бораи ва муовинонаш замони фаъолияти Комиссиюни оштии миллӣ буд.

Инак бахши саввуми мусоҳибаи Радиои Паём бо Муҳиддин Кабирӣ

Радиои Паём: Чӣ гуна оҳиста-оҳиста кадрҳои мухолифин мисли Давлат Усмон, Муҳаммадии Навид, Абдунабӣ Саторзода, Мулло Абдураҳим ва чанде дигарон идғом шуданд?

Муҳиддин Кабирӣ: Шумо саволе додед, ки ба хотири мансаб роҳбарияти оппозитсиюн гузашт кард ва  ин сулҳро пазируфт. Ба фикри ман ин даъво ё танқиди умумӣ аст. Қисман қабул аст, чун билохира  30% мансабҳоро оппозитсиён дар умум гирифт, аммо устод Нурӣ ягон мансаб нагирифт, устод Ҳиматзода нагирифт. Танҳо як мансаби рамзӣ — дар Вазорати хориҷа сафири фавқулода таъин шуд, ки аслан хеҷ вақт сафирӣ ҳам нарафт. Баъдан вакили Маҷлис шуд бо тариқи интихобот, ки аслан ба сифоиза рабт надошт. Ман ҳам аъзои комиссияи оштии миллӣ будам ва ёрдамчии устод Нурӣ, ягон вазифаи давлатӣ нагирифтам. Чандин маротиба пешниҳод шуда будам ба сафирӣ ҳатто агремани ман омада буд аз тарафи Хотамӣ аз Эрон, ки бояд сафир дар Эрон таъин мешудам. Ба муовинати вазири хориҷӣ пешниҳод шудам, аммо ман ҳам нарафтам ба мансаби давлатӣ. Бисере аз роҳбарияти ҲНИТ мансаб нагирифтанд. Дуруст аст, ки давлат Усмон вазир шуд, баъзе нафарони дигар муовини вазир шуданд, аммо ин тибқи 30% буд.

Баъд, биёед дар бораи худи сифоиза сӯҳбат кунем. Вақте ки созишнома имзо шуд. ки сӣ дарсади тамоми мансабҳои иҷроии давлатӣ ба оппозисион дода мешавад, шумо ҳисоб кунед, ки сӣ дарсади мансабҳои иҷроии давлатӣ чӣ қадар мешавад? Чанд ҳазор мешавад?

Алъон мо гӯем, ки рӯйхати мансабдорони давлатиро аз раисҷумҳур то ҷамоат, ё ҳадди ақал то сатҳи ноҳия, аз вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳо, хуллас, ҳамаи он муассисаҳое, ки давлатӣ ҳисоб мешаванд, мақомоти иҷроияҳоро ҳисоб кунем, чанд ҳазор мешаванд?! Аммо ҳамагӣ оппозитсия, ҳам Ҳизби Наҳзат, Ҳизби Демократ,  Растохез, Лаъли Бадахшон, ҳамагӣ дар маҷмӯъ панҷоҳу чор мансаб гирифтанд. Аз болотарин мақом — муовини сарвазири кишвар, ки устод Тӯраҷонзода буд ва вазирҳо ҳамагӣ 54 нафар мансаб гирифт. Ман ҳамчун ёрдамчии устод Нурӣ ҳамчун ёрдамчии парвандаҳои сифоиза будам. Вақте ки устод Нурӣ пеши Раҳмонов мерафт, мо ҳамроҳ мерафтем ва парвандаҳоро мебурдем.  Ном ба ном медонам, ки ин 54 нафар киҳо буданд. Вақте сифоиза мегӯянд, оппозитсия сӣ фоизро нагирифтааст. Сӣ фоиз фақат аз маҷмӯи идораҳои дар сатҳи вазорату ноҳияҳо, вале дар дигар идораҳои давлатӣ сӣ фоиз набуд.

Бинобарин, муттаҳам кардани оппозитсия, ки сӣ фоизи мансабҳоро гирифтанд дуруст нест. Дар маҷмӯъ агар ҳисоб кунем, шояд панҷ дарсад бештар намешавад. Аммо як гурӯҳ аз касоне, ки мансаб гирифтанд ва баъдан аз оппозитсия бо ҳар далеле ҷудо шуданд, дигар интихоби онҳо буд. Марҳум устод Нурӣ дар як сӯҳбаташ ҳам ба он нафароне, ки ба мансабҳо расиданд, гуфта буд, ки шумо худатон интихоб кунед — бо ҳукумат мемонед, ё бо оппозитсия?! Аслан дар оппозитсия бошеду дар ҳукумат хизмат кунед ҳам, ҳеҷ мушкиле нест. Ва он дӯстон роҳи худро интихоб карданд ва мо ҳақ надорем касеро танқид кунем ва ин интихоби шахсии онҳо аст.

Радиои Паём:  Умедворам, ки якчанд нафар шунавандагони гиромии радиои Паём, чун бо ҳамин мазмун суол дода буданд, посухи худро гирифтанд. Акнун суоли мо дар бораи як баромади шумо, ки дар он ҷо як шеър қироат шуд аз Лоиқ Шералӣ бо таври зерин

           На бар онем, ки ислом нишинад бар тахт

           Мо бар онем, ки ислом саломат бошад.

Яъне бо ин байт чӣ гуфтанӣ будед?  Рисолати ҳизби Наҳзатро дар назар дорам.  Агар сохтани ҳукумат, ё ҷомеаи исломӣ набошад, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чӣ стратегия дорад?

Муҳиддин Кабирӣ: Бале мо ҳанӯзам бар он эътиқод ҳастем. Ин ҳарфе нест, ки айнан устод Лоиқ гуфта бошад. Шеър аз Лоиқ аст, аммо фикр — ин фикри исломӣ аст ва аз худи сарчашмаҳои исломӣ меояд, ки на танҳо нақши ислом бар тахт нишастан аст. Рисолату вазифаи дин ин ҳидояти мардум аст. Дар Қуръони маҷид, ояти аввали сураи Бақара ҳам дар ин бора чунин омада:  “Ин китобест, ки дар он шаке нест ва ин ҳидояткунанда барои муттақиён аст” Ҳатто намегӯяд, ки барои ҳамаи мардум.

Гап дар бораи он намеравад, ки ин китоб барои фалон гурӯҳ, ё фалон ҳизб, ё барои шахсе, ки бар тахт нишинад ва ҳокимият кунад.  Баҳси дин аз баҳси ҳокимият ҷудо аст. Ман дар як сӯҳбати дигар ҳам , агар аз ёдам наравад, дар телевизиони ВВС форсӣ гуфта будам, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз номи Худо, ҳамчун намояндаи Худо болои мардум ҳокимият кунад.  Баъдан баҳсҳое шуд, суолу ҷавобҳое шуд ва дӯстон эътирозҳое ҳам карда буданд, ки ин ҳарфҳоро барои чи мегӯем. Ва дар эътирозашон бо оятҳои қуръонӣ мисолҳо ҳам оварда буданд.

Боз ҳам дар сӯҳбатҳо ҳамеша  чунин мегӯям, ки вақте Худованд дар Қуръони маҷид гуфтааст:  “Касе ки ба нозилкардаи Худованд ҳукм намекунад, ӯ кофир аст, ё золим аст” ҳоло мо аз куҷо омадем ва гуфтем, ки он нозилкардаи Худованд чӣ ҳаст? Оё мушаххас кардем, ки манзури Худованд аз он, ки нозил кардааст, чӣ аст? Масалан,  худи он Қуръони маҷид, ё ин ки дини исломро нигоҳ кунем, барои чӣ нозил шудааст? Барои адолат, адолатро Худованд байни мардум овардааст. Ба он хотир, ки бо конунҳои одилона ва бо қазовати одилона намояндагони ҳар дину мазҳабу миллате, ки ҳаст, зиндагӣ кунанд. Хуб, ҳар касе ки аз рӯйи ин адл ҳокимият накунад, пас ӯ ҳам кофир асту ҳам золим аст. Чаро мо бояд биёем ва бигӯем, ки он нозилкардаи Парвардигор маҳз он чизе аст, ки ман мехоҳам, он дини ман аст ва он китоби ман аст, ки ман онро қабул дорам?

Агар мо бигӯем, ки нозилкардаи Парвардигор ин адолат аст, ки башарият аз рӯйи он ва тибқи он зиндагӣ кунад, ҳар касе, ки тибқи он адолат накарду зиндагӣ накард, пас ӯ ҳам золим асту ҳам кофир асту ҳам мунофиқ аст.  Баҳсҳои ақидавӣ хеле зиёданд ва ман намехоҳам, ки вақти шумо ва шунавандагони азизро бигирам. Шояд,ки фаҳмиши ман ва тафсири ман оиди ин масъалаҳои ақидавӣ камбудиҳое дошта бошад ва шояд дигар бузургворон онро ислоҳ кунанду пурра намоянд. Аммо набояд ҳеҷ кас фаҳмиши танҳо худашро болои ин масъала болои дигарон таҳмил кунад. Ин мавзӯе ҳаст, ки ҷойи баҳс дорад, ҷойи иҷтиҳод дорад, ҷойи баррасӣ дорад.  

Вазифаи як ҳизби сиёсӣ ҳам нест, ки як идеологияро болои қудрат биёрад ва ҳукумат кунад. Ин иштибоҳро дар замонаш коммунистҳо карданд , чи хеле ки омаданду идеологияи коммунистиро ҳоким карданду дигар ҳамаи ҷаҳонбиниву  тафаккурҳоро мамнӯъ карданд ва дуюмдараҷа донистанд ва билохира натиҷаашро дидем. Ман аз рӯйи таҷрибаи кӯтоҳу каме, ки дорем, ба ин натиҷа расидам, ки ҳукуматҳо набояд ҳукуматҳои идеологӣ бошанд. Ҳукуматҳо бояд ҳукуматҳои технократ бошанд, амалгаро бошанд. Вазифаи онҳо иҷро кардани Конститутсия  ва таъмини маишат, амният ва зиндагиву рифоҳи мардум бошад. Ин идеологияву ҷаҳонбиниву масоили диниро вогузор кунад ба ниҳодҳои ғайридавлатӣ, ғайриҳукуматӣ — масчид, мадраса, калисо, созмонҳо.

Ҳар ҳизбе, ки пирӯз шуд, ҳатто агар ҳизби идеологӣ ҳам бошад, барои мисол ҲНИТ ҳизби идеологӣ аст, ҳизби коммунистӣ ҳизби идеологӣ ҳаст, фардо масалан ягон ҳизби масеҳии дигар дар Тоҷикистон таъсис шавад мисли Ҳизби Масеҳии Демократӣ дар Урупо. Дар Ҳиндустон ҳизбҳои идеологии ҳиндуӣ ҳаст. Дар Исроил Ҳизби Идеологии Яҳудӣ аст. Аммо инҳо вақте ки сари қудрат меоянд, ба маънои он нест, ки яҳудияту масеҳияту буддоият, ё ин ки исломро сари қудрат биёранд. Инҳо ҳам меоянд, Конститусияро риоя мекунанд, иҷро мекунанд, қонунҳоро иҷро мекунанд ва тарзе рафтор мекунанд,  ки тамоми шаҳрвандон новобаста аз дину аз қавмияташон худро ҳам сокин ва шаҳрванди ин кишвар бидонанду тасаввур кунанд, ки ин ҳукумат ҳукумати онҳо ҳам ҳаст. На ҳукумати намояндаи як дин, як қавм ва як гурӯҳ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *