Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 24.06

Reuters бо истинод ба изҳороти ширкати Nike хабар дод, ки истеҳсолкунандаи либосҳои варзишии амрикоии Nike комилан аз бозори Русия хориҷ мешавад. 

Дар  вебсайти ширкат чунин омадааст: “Nike Inc. қарор дод, ки бозори Русияро тарк кунад. Дар натиҷа, nike.com ва барномаи мобилии Nike дигар дар ин минтақа кор намекунанд. Инчунин, дӯконҳое, ки муваққатан баста шудаанд, дубора кушода намешаванд».

Ин ширкат аз соли 1994 дар Русия фаъолият мекард. Дар аввали моҳи март Nike қабули фармоишҳои онлайниро дар Русия қатъ карда буд. Дар авохири моҳи май нашрияи «Ведомости» аз номаи франчайзи IRG истинод овард, ки ширкати амрикоӣ мӯҳлати шартномаи ӯро тамдид накардааст.

Пас аз тамом шудани маҳсулоти боқимонда, шарики русӣ тамоми мағозаҳоро зери ин бренд мебандад. Франчайзи дар Русия 36 мағозаи бузург дорад.

***

Расонаи телеграмии Alternative Green навиштааст,  зистшиносон пешгӯӣ мекунанд, ки саршумори хорпушт то соли 2050 нест хоҳад шуд. Сабаби ҳалокати ин ҷонваракон тағирёбии иқлим хоҳад буд. 

Гап дар сари он, ки зимистони гарму гарм боиси вайрон шудани хоби зимистонии хайвоноти хордор мегардад. Аз ин рӯ, онҳо давраи ҷуфтшавии барвақттарро аз сар мегузаронанд ва дар охири моҳи январ аллакай  хорпуштбачаҳо таваллуд мешавад. Аммо дар сардие, ки дар моххои марту апрель боз баланд мешавад, бачахои хорпушт мемиранд.

Илова бар ин, пестисидҳои дар кишоварзӣ истифодашаванда низ ба нобудшавии хорпуштҳо мусоидат мекунанд. Ба туфайли онхо хорпуштҳо ба касалихои гуногун дучор мешаванд.

***

Қатар омода аст, ки Аврупоро бо гази моеъи худ таъмин кунад. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg навиштааст. Ин ҳол албатта вобастагӣ аз сӯзишвории Русияро коҳиш медиҳад.

Халиҷи Форс, ки яке аз бузургтарин содиркунандагони LNG (гази моеъ) дар ҷаҳон аст, мехоҳад аз кишварҳои аврупоӣ имзои қарордодҳои дарозмуддатро талаб кунад.

Пас аз шурӯи ҷанги миёни Русия ва Укроин, Аврупо саъй дорад, ки варианти муқобил ба гази Русияро базудӣ пайдо кунад.  Воридоти LNG аз Қатар, ки барои афзоиши истеҳсолот дар панҷ соли оянда даҳҳо миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард, метавонад як ҷузъи калидии ҳалли ин масъала бошад.

Илова ба Қатар ва ИМА, якчанд содиркунандагони дигари LNG мавҷуданд, ки таъминотро дар даҳсолаи оянда ба таври назаррас афзоиш медиҳанд.

***

Associated Press : Хадамоти оташнишонии Туркия се рӯз инҷониб бо сӯхторҳои бузурги ҷангал дар наздикии шаҳри курортии Мармарис мубориза мебаранд. 

Шамоли сахт ба хомуш кардани сухтор монеъ шуда, дар натича сухтор зуд пахн шуда истодааст. Барои мубориза бо сӯхтор беш аз 2500 оташнишон, 45 чархбол ва 12 ҳавопаймои махсуси муҷаҳҳаз ҷалб карда шуданд.

Ба гуфтаи вазири хоҷагии ҷангал Ваҳит Киршичӣ, бар асари сӯхтор ҳудуди 3000 гектар ҷангал осеб дидааст. 275 нафар аз се маҳаллаи асосии наздикии сӯхтор кӯчонида шуданд.

***

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун нерӯҳои мусаллаҳи кишварро аз нав ташкил мекунад, хабар медиҳад KCNA.

Таҳким ва рушди тавонмандии дифоии Кореяи Шимолӣ ва азнавсозии структурам ташкилотхои харбиро Ким Чен Ун дар ҷаласаи Комиссияи марказии низомии Ҳизби меҳнат баррасӣ кард. 

Қаблан коршиносон гуфта буданд, ки Кореяи Шимолӣ шояд ба як силсила озмоишҳои ҳастаӣ омодагӣ гирад. Тасвирҳои ахири моҳвораӣ фаъолият дар озмоишгоҳи ҳастаии Кореяи Шимолиро нишон доданд, ки метавонад аз озмоишҳои иловагии ҳастаӣ шаҳодат диҳад.

***

Коммерсант: Ҳавопаймои нақлиётии низомии Ил-76 дар вилояти Рязани Русия суқут кард, ки дар натиҷа аз 9 сарнишини он чаҳор нафар кушта шуданд.

Ба навиштаи шабакаи  Mash Telegram, ҳавопаймои Ил-76 аз Оренбург ба Белгород парвоз мекард ва барои дарёфти сӯзишворӣ дар Рязань фуруд омад. Бино ба хабари SHOT Telegram, ҳавопаймо тақрибан дарҳол пас аз парвоз дар наздикии шоҳроҳи Михайлов суқут кардааст ва баъди сукут сӯхтор сар задааст.

Ба гуфтаи манобеъи ТАСС, панҷ нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Як нафар дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.

***.

Бритониё алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон кард

Кишвари Бритониё рӯзи панҷшанбе дар баёнияе гуфт, ки пули стерлинги бритониёӣ ва асъори пулии кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва ҳамчунин содироти сӯзишвории ҳавопаймо ба Федератсияи Русия мамнӯъ мешавад.

Илова бар ин, Бритониё вуруди молҳои тавлиди Русия, ё тавассути Русия ба хотири фоида воридшударо мамнӯъ кардааст.

Тадбирҳои маҳдудкунанда алайҳи Русия дар бахши кумакҳои фаннӣ, хидматрасонии молиявӣ ва миёнаравии марбут ба воридоти оҳану пӯлод тавсеа шудаанд. Ба содироти мол ва технологияи марбут ба саноати коркарди нафт, ки муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ мебошанд, маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ карда шуданд. Таҳримҳо инчунин ба молҳое дахл доранд, ки метавонанд барои тавлиди силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ истифода шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *