ЮНИСЕФ: Хатар ба ҷони 8 миллион кӯдак аз камғизоӣ
Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар гузориши худ эълом кардааст, ки ҷони ҳудуди 8 миллион кӯдаки то синни 5-сола ба иллати ғизои серӣ надидан, дар хатар аст.
Бар асоси ин гузориш, бештари ин кӯдакон дар 15 кишвари дунё умр ба сар мебаранд, ки аз таъсири хӯроки серӣ нахӯрдан ва камбуди таҷҳизоти тиббӣ осеби ҷиддӣ дидаанд. Дар қатори кишварҳои бӯҳронӣ Афғонистон, Эфиопия, Ҳаитӣ ва Яман низ шомиланд.
Камғизоӣ боиси заиф шудани масъуният мегардад, ки ин ҳол хатари марги кӯдакони синни то 5-соларо нисбат ба кӯдакони серғизо 11 маротиба меафзояд. Тибқи гузориш, аз аввали соли 2022 илова бар шумори қаблӣ 260 000 кӯдак аз норасоии ғизо азият мекашанд.
Бар асари низоъ дар Укроин ва идомаи тағйирёбии бошиддати иқлим, хушксолӣ, ё селборонҳои ҳалокатовар дар бархе аз манотиқи ҷаҳон нархи маводи ғизоӣ босуръат боло рафтааст. Гузоришгарон мегӯянд, ки идомаи таъсири иқтисодии COVID-19 низ ба камғизоии кӯдакон боис мешавад.
ЮНИСЕФ гуфт, ки барои муқобила ба бӯҳрони қарибулвуқӯъ ба як баста кумаки 1,2 миллиард долларӣ аз ҷомеаи байналмиллалӣ ниёз ҳаст.
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт: “Роҳбарони ҷаҳон, ки дар нишасти G7 дар Олмон гирди ҳам омадаанд, як равзанаи хурди имконот доранд, ки барои наҷоти ҷони ин кӯдакон иқдом кунанд. Фурсатро зоеъ гузаронидан лозим нест. Мунтазири сар задани гуруснагӣ будан, ин интизори марги кӯдакон будан аст ”.