Ба гуфтаи раиси вилояти Харков, шаби 26 июн як бинои истиқоматӣ ва як муассисаи тиббӣ дар ин шаҳр таҳти тирборон қарор гирифтааст.
Раиси вилояти Харкови Укроин Олег Синегубов гуфт, ки дар умум дар ин минтақа 4500 бино тахриб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирборони шаҳр 4019 бинои истиқоматӣ, 427 муассисаи таълимӣ, 97 муассисаи тиббӣ, 62 муассисаи фарҳангӣ ва 12 корхонаи саноатӣ тахриб шудаанд.
***
Meduza: Писари нахуствазири собиқи Доғистон Муртазалӣ Меҷидов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав барои куштори донишҷӯдухтари қазоқ Томирис Байсафо ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукм дар додгоҳи шаҳри Маскав бароварда шуд. Меҷидов соли 2020 бо гумони куштор боздошт шуда буд.
***
РБК бо истинод ба вебсайти Кохи Сафед гузориш медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида нисбати 500 нафар мансабдори Русия барои «нақз ё таҳдид ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти сиёсии Украина» ё «саркӯби мухолифон» дар дохили Русия маҳдудияти раводид эълом хоҳад кард.
Дар натиҷаи тасмими Конгресс дар бораи маҳрум кардани Русия аз мақоми қулайтарин дар тиҷорат бо ИМА, Вошингтон боҷи беш аз 570 категорияи колоҳои Русияро ба маблағи тақрибан 2,3 миллиард доллар боло мебарад.
Кохи Сафед низ эъломи қаблии ин кишварро таъйид кард, ки қасд дорад воридоти тиллои Русияро маҳдуд кунад. Таҳримҳо дар мувофиқа бо дигар кишварҳои G7 ҷорӣ мешаванд.
***
Пажӯҳишгари амрикоӣ Виктор Весково тавассути саҳифаи Twitter-и худ хабар дод, ки аз умқи 6895 метрии баҳри Филиппин киштии Sammy B Roberts, ки соли 1944 ғарқшуда буд, пайдо шудааст. Ин киштии нерӯи дарёии ИМА дар замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, дар моҳи октябри соли 1944 аз ҷониби нерӯҳои баҳрии Ҷопон дар ҷараёни бузургтарин набард дар баҳри Лейте дар наздикии ҷазираи Самар ғарқ шуда буд.
***
Дар ҷараёни «амалиёти вижа» Украина 50 000 нафарро талаф дод
Ин фарзияро Даниил Безсонов, муовини аввали вазири иттилооти ҷумҳурии мардумии Донетск дар Шабакаи якум баён дошт. Дар давоми 4 моҳ аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 150 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Вай афзуд, ки аксари воҳидҳои омодаи ҷангӣ ва ботаҷриба нобуд ва ё асир гирифта шудаанд ва онҳое, ки ба ҷои онҳо омадаанд, дар ҳолати “хеле афсурда” қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол худи укроиниҳо мегӯянд ҳудуди 10 000 кушта ва 20 000 захмӣ додаанд. Ва баръакс талафоти Русияро наздики 40 000 куштаву 80 000 захмӣ қаламдод мекунанд.
***
Вазирони корҳои хориҷӣ ва вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон, Туркия ва Қазоқистон Эъломияи Бокуро имзо карданд.
Эъломия дар пайи нахустин нишасти сеҷонибаи вазирон ба имзо расида, ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия пешбинӣ мекунад.
Мулоқоти навбатии сеҷонибаи вазирон дар Қазоқистон баргузор мешавад.
***
Вазорати молияи Фаронса афзоиши бештари таваррум дар ин кишварро дар ҳафтаҳои оянда пешбинӣ мекунад.
Дар шабакаи телевизионии BFM вазири иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ Бруно Ле Мер гуфт, коҳиши таваррум аз соли 2023 барвақттар оғоз шуданаш имкон надорад.
Ӯ гуфт: «Мо ҳеҷ гоҳ пинҳон намекардем, ки душвортаринаш ҳоло дар пеш аст»
***
Суперяхтаи “Axioma”, ки ба олигархи рус Дмитрий Пумпянский тааллуқ дорад, аз ҷониби Додгоҳи олии Гибралтар ба музояда гузошта мешавад.
Яхтаи миллиардери рус дар чаҳорчӯби таҳримҳо дар Гибралтар мусодира шудааст.